| Хабарҳо |
|
МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ БАЙНИ ДОНИШҶУДУХТАРОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ мусобиқаи волейбол байни донишҷудухтарони факултетҳои педагогика ва забон ва адабиёти рус бо руҳияи баланди варзишӣ ва рақобати солим баргузор гардид.Дар ин чорабинии варзишӣ дастаҳои донишҷӯдухтарон фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди бозӣ, ҳамоҳангӣ ва иродаи қавии худро нишон доданд. Мусобиқа дар
фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар сурат гирифта, барои таҳкими ҳамбастагӣ миёни донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.
Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ мебошад. Чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани рӯҳияи донишҷӯён ва рушди фарҳанги варзиш дар байни ҷавонон мусоидат менамоянд.
|
