| Хабарҳо |
|
ДАР РОБИТА БА МАСЪАЛАҲОИ МУҲОСИБӢ ВА ИҚТИСОДИ РАҚАМӢ КОНФЕРЕНСИЯИ ҶУМҲУРИЯВӢ БАРГУЗОР ГАРДИД
Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии Донишгоҳ ва татбиқи сиёсати давлатӣ ҷиҳати солҳои 2025–2030, ки ҳамчун “Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия” эълон гардидаанд, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ таҳти
унвони «Масоили мубрами баҳисобгирии муҳосибӣ ва идоракунии соҳаи маориф дар шароити иқтисоди рақамӣ» баргузор гардид.Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии ректори донишгоҳ Аҳлиддин Ибодуллозода, ки аз ҷониби муовини ректор оид ба корҳои илмӣ Раҷабзода Сироҷиддин ироа гардид, оғоз ёфта, мавсуф аҳамияти баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро дар шароити рушди босуръати технологияҳои рақамӣ таъкид намуд. Зикр гардид, ки гузариш ба иқтисоди рақамӣ талаботи навро дар самти баҳисобгирии муҳосибӣ ва идоракунии муассисаҳои таълимӣ ба миён мегузорад.
Дар идомаи бахши ифтитоҳӣ олимону коршиносони варзида бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, паҳлуҳои гуногуни мавзуро мавриди таҳлил қарор доданд.
Иштирокчиёни конференсия зикр карданд, ки дар шароити иқтисоди рақамӣ такмили низоми баҳисобгирии муҳосибӣ ва идоракунӣ, махсусан дар соҳаи маориф, аҳамияти калидӣ дошта, татбиқи технологияҳои рақамӣ метавонад самаранокии фаъолияти муассисаҳои таълимиро ба маротиб баланд бардорад.
Дар фарҷоми ҳамоиш мубодилаи афкор сурат гирифта, пешниҳодҳои мушаххас барои такмили сиёсати соҳавӣ ва рушди минбаъдаи иқтисоди рақамӣ ироа гардиданд.
|
