| Хабарҳо |
|
ОҒОЗИ АКСИЯИ БОШУКУҲИ УМУМИДОНИШГОҲИИ «ЗЕБОӢ – ОИНАИ ҲУВИЯТИ МИЛЛӢ» БА ИФТИХОРИ ҶАШНҲОИ БУЗУРГИ МИЛЛӢ
Дар саҳни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ аксияи фарҳангӣ-маърифатии «Зебоӣ – оинаи ҳувияти миллӣ» бо шукӯҳу шаҳомати хоса оғоз гардид.Ин чорабинии пурмазмун дар доираи нақша-чорабиниҳои самти тарбия ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии таъсисёбии донишгоҳ
бахшида шуда, дар саҳни донишгоҳ ва боғу гулгаштҳои шаҳри Душанбе дар фазои идона бо иштироки фаъоли донишҷӯёну устодон, руҳияи баланди худшиносӣ ва эҳсоси ифтихори миллӣ баргузор гардид.
Дар рӯзи ифтитоҳ факултети психология ва биология бо барномаи рангину ҷолиб саҳнаи зебоии тоҷиконаро офарид. Намоиши либосҳои миллии чакан, атлас, адрас ва зардӯзӣ саҳни донишгоҳро ба як оинаи зиндаи фарҳанги ҳазорсолаи тоҷик табдил дод. Ҳар як ранг, ҳар як нақш ва ҳар як дӯхт, гӯё саҳифаи таърихи зиндаи миллатро ҳикоя мекард.
Мақсади асосии ин иқдоми фарҳангӣ на танҳо намоиши зебоӣ, балки бедории маънавӣ ва эҳёи руҳи миллӣ мебошад. Он ҷавононро ба решаҳои фарҳангӣ мепайвандад, эҳсоси ифтихор аз ҳувияти миллӣ ва муҳаббат ба мероси ниёгонро дар қалбҳо бедор месозад. Либоси миллӣ дар ин ҷо ҳамчун забони бесухани таърих, ҳувият ва зебоии асил муаррифӣ мегардад.
Роҳбарияти донишгоҳ чунин ташаббусҳоро рукни муҳими тарбияи насли худогоҳ, маърифатпарвар ва ватандӯсти асил медонад. Ба таъкиди онҳо, эҳёи арзишҳои миллӣ ва гиромидошти мероси ниёгон беҳтарин роҳи таҳкими ваҳдат, худшиносӣ ва эҳсоси масъулият дар назди Ватан мебошад. Ин гуна чорабиниҳо қалби ҷавононро бо нури маърифат, ҳусни фарҳанг ва ифтихори миллӣ равшан месозанд.
Чорабинии мазкур тибқи ҷадвали тасдиқгардида то фарорасии ҷашни мубораки Истиқлолият бо иштироки бонувони соҳибфарҳанг ва гулдухтарони ҳунарманди ҳамаи факултетҳо бо шукӯҳу шаҳомати хосса идома меёбад.
Биёед, зебоиро бишносем, ҳувиятро пос дорем ва фарҳанги худро бо ифтихор ба ҷаҳониён муаррифӣ намоем!
|
