• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҒОЛИБОНИ МУСОБИҚАИ ВОЛЕЙБОЛ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД
Ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ байни донишҷӯдухтарони факултетҳо мусобиқаи волейбол бо рӯҳияи баланди варзишӣ ва рақобати солим баргузор гардид.
Дар ин чорабинии варзишӣ дастаҳои донишҷӯдухтарон фаъолона иштирок намуда, маҳорати баланди бозӣ, ҳамоҳангӣ ва иродаи қавии худро нишон доданд. Мусобиқа дар фазои дӯстӣ ва эҳтироми ҳамдигар баргузор гардида, барои таҳкими ҳамбастагӣ миёни донишҷӯён заминаи мусоид фароҳам овард.
Дар натиҷаи бозии миёни дастаҳо, факултети забон ва адабиёти рус сазовори ҷои якум, факултети биология — ҷои дуюм ва факултети педагогика — ҷои сеюм гардида, ғолибон қадрдонӣ шуданд.
Ҳадаф аз баргузории чунин мусобиқаҳо тарғиби тарзи ҳаёти солим, ҷалби ҷавонон ба варзиш ва рушди қобилиятҳои ҷисмонӣ мебошад. Чунин иқдомҳо ба баланд бардоштани рӯҳияи донишҷӯён ва рушди фарҳанги варзиш дар байни ҷавонон мусоидат менамоянд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj