• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҒАЛАБАИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЗМУНИ “МИЗОНИ ХИРАД”
Донишҷӯёни фаъолу болаёқати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар Озмуни телевизионии «Мизони хирад», ки дар доираи ҳамкории Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Душанбе ва Муассисаи давлатии «Телевизиони Синамо» баргузор шуд, ғолиб гардиданд.
Дар ин замина ғолибон ва иштирокчиёни фаъол бо диплом, сипоснома ва медал мукофотонида шуданд. Аз ҷумла, Азиза Меликзода барои ишғоли ҷойи якум ва нишон додани маҳорати баланд дар ин барномаи зеҳнӣ бо “Диплом” сарфароз гардонида шуд. Инчунин Иқболҷон Шодиев ва Ширинмоҳ Хушвахтова бо “Сипоснома” ва медал қадрдонӣ гардиданд.
Қайд кардан ба маврид аст, ки чунин озмунҳо ба рушди тафаккури мантиқӣ, баланд бардоштани сатҳи дониш ва дарёфти истеъдодҳои ҷавон мусоидат менамоянд.
Ин озмун бахшида ба таҷлили 35-умин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида, ҳадафи он дастгирии ҷавонони боистеъдод ва тарғиби донишандӯзӣ дар ҷомеа мебошад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj