• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

 

“ХИРАДМАНД”: ПАЙВАНДИ ИЛМ, ТАЪРИХ ВА ХУДШИНОСӢ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иштироки аҳли раёсат, омӯзгорон ва донишҷӯён маҳфили “Хирадманд” баргузор гардид.
Меҳмони маҳфил доктори илмҳои физика-математика, профессор, академики Академияи байналмилалӣии мактабҳои олӣ — Абдулҳай Комилӣ буданд. Мавсуф дар назди ҳозирин бо маърӯзаи пурмуҳтаво дар мавзуи “Саҳми ниёгони тоҷикон дар ташаккул ва инкишофи донишҳои риёзиву табиӣ” баромад намуда, нақши арзишманди олимону мутафаккирони гузашта, аз ҷумла саҳми онҳо дар пешрафти илмҳои дақиқ ва табиатшиносиро бо далелҳои ҷолибу таърихӣ шарҳ доданд.
Дар идомаи суханронӣ таъкид гардид, ки мероси илмии ниёгон на танҳо мояи ифтихор, балки заминаи боэътимод барои рушди минбаъдаи илм дар ҷомеаи муосир ба ҳисоб меравад. Ҳамзамон, донишҷӯён ба андешаронӣ ва омӯзиши амиқи илмҳои дақиқ ҳидоят карда шуданд.
Маҳфили “Хирадманд” ҳамчун як минбари муҳими тарбиявию маърифатӣ дар донишгоҳ мунтазам баргузор гардида, дар баланд бардоштани сатҳи худшиносӣ, ҷаҳонбинӣ ва маърифати ҷавонон нақши муассир мебозад.

 

 

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj