• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҲАМОИШ: НАҚШИ ФИРИСТОДАГОНИ ТОҶИКИСТОН ДАР ҒАЛАБА БАР ФАШИЗМ
Рӯзи 6-уми май соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳамоиши илмӣ-назариявӣ таҳти унвони «Нақши фиристодагони Тоҷикистон дар ғалаба бар фашизм» баргузор гардид.
Дар кори он меҳмонон аз Иниститути таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии ба номи Аҳмади Дониш, Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Мактаби олии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин аҳли раёсати донишгоҳ ва омӯзгорону донишҷӯён иштирок намуданд.
Ҳамоиши илмиро декани факултети таърих ва ҳуқуқ н.и.п., профессор М. Каримзода кушода, сухани муқадимавиро ба муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ н.и.т., дотсент Наҳтулло Айнуллозода доданд. Дар баромади худ мавсуф қайд намуданд, ки Ҷанги Бузурги Ватанӣ яке аз саҳифаҳои фоҷиабор ва ҳамзамон қаҳрамононаи таърихи асри ХХ ба ҳисоб меравад. Дар ин ҷанг халқҳои гуногуни Иттиҳоди Шуравӣ барои ҳимояи Ватан, озодӣ ва шарафи инсонӣ бар зидди фашизм мубориза бурданд. Тоҷикистон гарчанде ки аз хатти фронт дур буд, дар ин ғалабаи бузург саҳми назаррас гузошт. Фиристодагони Тоҷикистон – сарбозону афсарон, табибон, коргарон ва деҳқонон бо ҷасорату матонат дар ин мубориза ширкат варзида, номи худро дар таърих абадӣ гардониданд.
Сипас дар мавзуҳои «Саҳми Тоҷикистониён дар ғалаба бар фашизм», «Қаҳрамонии меҳнаткашони Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ», «Ҳеҷ кас ва ҳеҷ чиз фаромӯш нашудааст» ва «Қаҳрамониҳои тоҷикон дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ» маърӯзаҳо ироа гардид.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj