| Хабарҳо |
|
ВОХӮРИИ СУДМАНДИ НАМОЯНДАГОНИ МАҚОМОТИ СУДӢ БО ДОНИШҶӮЁН: ТАҲКИМИ ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ ВА МАЪРИФАТИ ҲУҚУҚӢ
Рӯзи 8-уми майи соли равон дар толори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ вохӯрии муҳим ва судманди намояндагони Суди шаҳри Душанбе ва Суди ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни донишгоҳ баргузор гардид.
Чорабинии мазкур дар доираи нақшаи корҳои тарбиявию маърифатии донишгоҳ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти судӣ роҳандозӣ гардида, ба баррасии муҳтавои Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеаи муосир бахшида шуд.
Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои мубрами замон, аз ҷумла пешгирии ифротгароӣ, терроризм ва экстремизм, муқовимат ба тақлидкорӣ ба фарҳанги бегона, пешгирии хариду фурӯши одамон, баланд бардоштани сатҳи худшиносиву зиракии сиёсӣ, арҷгузорӣ ба муқаддасоти миллӣ ва давлатӣ, инчунин роҳҳои мубориза бо омилҳои коррупсионӣ мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор гирифтанд. Ҳамзамон, иштирокчиён доир ба татбиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», инчунин аҳаммияти эълон гардидани солҳои 2025–2030 ҳамчун «Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия» ибрози назар намуданд.
Дар чорабинӣ Назарзода Нигора муовини ректор оид ба корҳои тарбиявии донишгоҳ, Рахмонзода Малохат Солех муовини раиси суди шахри Душанбе, судяҳои суди шаҳри Душанбе - Насруллозода Сайда, Маҳмадуллозода Изатулло, Ҳалимзода Муҳаммадҷон, Назарзода Азиз, Ҷобирзода Сурайё Ҳофиз, Бадалзода Маҳмуд Маҳмадалӣ, Назарзода Ховар, Каримзода Давлатшо сардори шуъбаи тарбия, деканони факултетҳо, кормандони қисми тарбия ва муовинони декан оид ба корҳои тарбиявӣ иштирок намуданд.
Нахуст, Назарзода Нигора чорабиниро ифтитоҳ намуда, меҳмононро ба аҳли нишаст муаррифӣ кард ва ташрифи онҳоро ба боргоҳи илму маърифат хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханронӣ таъкид намуд, ки роҳбарияти донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати хирадмандонаву созандаи Пешвои миллат пайваста ҷиҳати баланд бардоштани маърифати сиёсиву ҳуқуқии ҷавонон ва пешгирии зуҳуроти номатлуб чорабиниҳои гуногуни тарбиявӣ баргузор менамояд. Зикр гардид, ки мубориза алайҳи терроризм ва экстремизм вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди худогоҳу ватандӯст буда, ҷавонон бояд дар рӯҳияи меҳанпарастӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба арзишҳои миллӣ тарбия ёбанд.
Сипас, Насруллозода Сайёда зимни баромади пурмуҳтавои худ оид ба муҳтавои Паёми Пешвои миллат ва роҳҳои пешгирии гаравидани ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ суханронӣ намуд. Ӯ таъкид кард, ки имрӯз гурӯҳҳои ифротӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои иттилоотӣ кӯшиш мекунанд мафкураи ҷавононро таҳти таъсир қарор диҳанд. Дар чунин шароит, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, худогоҳии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатӣ ҳамчун сипари боэътимоди ҷомеа аз таҳдидҳои муосир арзёбӣ гардид.
Дар идомаи вохӯрӣ Ҳалимзода Муҳаммадҷон вобаста ба масъалаҳои муҳими иҷтимоиву ҳуқуқӣ, аз ҷумла муқовимат ба омилҳои номатлуб, эҳтиром ба қонун, истифодаи оқилонаи шабакаҳои иҷтимоӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги миллӣ ва саҳмгузорӣ дар ободониву созандагии Ватан суханронӣ намуд. Ӯ донишҷӯёнро ба омӯзиши амиқи илм, иштироки фаъолона дар озмуну олимпиадаҳо ва риояи ҳатмии Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват кард.
Дар анҷоми чорабинӣ бахши саволу ҷавоб дар фазои озоду самимӣ баргузор гардид. Донишҷӯён доир ба мавзӯъҳои баррасишуда саволҳои ҷолибу муҳим пешниҳод намуда, посухҳои мушаххас ва муфассал гирифтанд. Мубодилаи афкор миёни иштирокчиён барои ҳозирин омӯзанда ва судманд арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки чунин вохӯриҳо дар таҳкими ҷаҳонбинӣ, маърифати ҳуқуқиву сиёсӣ, ҳисси ватандӯстӣ ва тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат нақши муҳим доранд.
|
