• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ҒОЛИБИЯТИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲ ДАР ОЛИМПИАДАИ ФАННИИ ҶУМҲУРИЯВӢ
Рӯзҳои 7–8 майи соли 2026 Олимпиадаи фаннии ҷумҳуриявӣ миёни 48 муассисаи таҳсилоти олии касбии кишвар баргузор гардид. Дар ин озмуни бонуфуз донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ иштироки фаъолона намуда, соҳиби 14 ҷойи ифтихорӣ гардиданд. Аз ҷумла:
– Неъматзода Шаҳбоз — аз фанни таърих, ҷойи 1-ум;
– Усмонов Валӣ — аз фанни математика, ҷойи 1-ум;
– Фатҳуллоев Шералӣ — аз фанни география, ҷойи 1-ум;
– Шукурзода Дилафруз — аз фанни забони англисӣ, ҷойи 2-юм;
– Холова Фарзона — аз фанни забони русӣ, ҷойи 2-юм;
– Эшонбобоев Ҷаҳонгир — аз фанни сиёсатшиносӣ, ҷойи 2-юм;
– Шоева Меҳрангез — аз фанни ҳуқуқшиносӣ, ҷойи 2-юм;
– Надиров Садриддин — аз фанни химия, ҷойи 2-юм;
– Дилнозаи Мирзовалӣ — аз фанни забон ва адабиёти тоҷик, ҷойи 3-юм;
– Шарипова Шукрона — аз фанни фалсафа, ҷойи 3-юм;
– Мирзоева Сайёра — аз фанни педагогикаи умумӣ, ҷойи 3-юм;
– Мудасираи Давлаталӣ — аз фанни назарияи иқтисодӣ, ҷойи 3-юм;
– Каримов Шоҳмансур — аз фанни информатика, ҷойи 3-юм;
– Уралов Ойбек — аз фанни биология-экология, ҷойи 3-юм.
Ин дастоварди арзишманд нишонаи сатҳи баланди дониш, омодагии хуби илмӣ ва заҳмати пайвастаи донишҷӯён ва омӯзгорони донишгоҳ мебошад.
Раёсати донишгоҳ ҳамаи ғолибон, омӯзгорон ва коллективи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айниро ба ин муваффақияти назаррас самимона табрик намуда, дар фаъолияти минбаъдаи илмӣ ва таълимӣ барору комёбиҳои бештар орзу менамояд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj