| Хабарҳо |
|
ДАР ДОНИШГОҲИ МИЛЛИИ ҶОНБУК ЛЕКСИЯИ ИЛМИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОН БАРГУЗОР ГАРДИД
Пас аз сарфароз гардидан бо унвони фахрии «Профессори фахрӣ»-и Донишгоҳи миллии Ҷонбук ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода барои ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳи мазкур
лексияи илмӣ таҳти унвони «Муносибатҳои Тоҷикистону Корея дар масири таърих ва дипломатия» баргузор намуд. Дар лексия масъалаҳои марбут ба таърихи робитаҳои фарҳангиву тамаддунӣ миёни халқҳои Осиёи Марказӣ ва нимҷазираи Корея, нақши Роҳи бузурги Абрешим дар рушди муносибатҳои байниминтақавӣ ва умумиятҳои фарҳангии ду миллат мавриди таҳлил қарор гирифтанд.Ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки муносибатҳои Тоҷикистону Корея танҳо маҳсули ҳамкориҳои муосири дипломатӣ набуда, балки ба пайвандҳои қадимаи таърихӣ ва фарҳангӣ такя мекунанд. Зикр гардид, ки ёдгориҳои нодири тамаддунии Тоҷикистон, аз ҷумла деворнигораҳои Панҷакенти қадим ва Дайри буддоии Аҷинатеппа, ҳамчун бахше аз мероси умумии фарҳангии Осиё аҳамияти бузург дошта, бозгӯи иртиботҳои амиқи фарҳангии минтақа мебошанд. Ҳамчунин таъкид шуд, ки дар шароити ҷаҳонишавӣ муносибатҳои Тоҷикистону Корея мазмуни нави геополитикӣ касб намуда, ҳамкориҳо дар соҳаҳои иқтисод, технология, энергетика, маориф ва дипломатияи гуманитарӣ пайваста густариш меёбанд.
Зимни лексия ба рушди ҳамкориҳои илмиву таълимӣ миёни ду кишвар таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардида, нақши муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар таҳкими дипломатияи гуманитарӣ муҳим арзёбӣ шуд. Аҳлиддин Ибодуллозода аз саҳми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар омӯзиши забони кореягӣ, омодасозии мутахассисони соҳавӣ ва рушди робитаҳои академӣ ёдовар шуда, иброз дошт, ки густариши табодули донишҷӯён, омӯзгорон ва татбиқи барномаҳои муштараки байналмилалӣ метавонад барои таҳкими ҳамкориҳои дарозмуддати Тоҷикистону Корея заминаи устувор фароҳам оварад.
Дар анҷоми лексия ҳайати омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи миллии Ҷонбук ба мавзуи матраҳшуда таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуда, баргузории чунин ҳамоишҳои илмиро барои таҳкими муколамаи фарҳангиву академӣ ва рушди робитаҳои дӯстонаи байни ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.
|
