| Хабарҳо |
|
БА ОМӮЗГОРОНИ ДОНИШГОҲ ДАРАҶАИ ИЛМИИ ДОКТОРИ ФАЛСАФА (PhD) – ДОКТОР АЗ РӮИ ИХТИСОС ДОДА ШУД
Бо Фармоиши Раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1-уми июни соли 2026, таҳти №182/ди, ба Зубайдуллозода Саидҷон – муовини декан оид ба корҳои илмӣ ва Исломзода Фахриддин – ассистенти кафедраи
таърихи халқи тоҷики факултети таърих ва ҳуқуқи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯи ихтисос 6D020300 – Таърих (6D020301 –Таърихи ватанӣ) дода шуд.Роҳбарият ва ҷомеаи донишгоҳӣ Зубайдуллозода Саидҷон ва Исломзода Фахриддинро бо ин дастоварди илмӣ самимона табрик гуфта, ба онҳо дар фаъолияти минбаъдаи таҳқиқотӣ ва омӯзгорӣ барори кор, комёбиҳои нав ва дастовардҳои арзандаи илмӣ орзу менамоянд.
|
