| Хабарҳо |
|
КОНФРОНСИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ИЛМӢ-АМАЛӢ ТАҲТИ УНВОНИ «ВАЗЪ ВА ДУРНАМОИ ИННОВАТСИЯ ДАР ИЛМҲОИ ТАБИАТШИНОСӢ ВА ТЕХНИКӢ» БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 95-солагии таъсисёбии донишгоҳ ва дар доираи амалисозии «Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ,
дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф» Конфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ таҳти унвони «Вазъ ва дурнамои инноватсия дар илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ» баргузор гардид.Конфронс бо ташаббуси кафедраи физикаи эксперименталӣ ва назариявии факултети физика доир шуда, дар он олимону муҳаққиқон, омӯзгорон ва донишҷӯён аз муассисаҳои таҳсилоти олии касбии ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар иштирок намуданд.
Ҳадафи асосии баргузории ҳамоиш баррасии масъалаҳои мубрами илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ, муаррифии дастовардҳои нави илмӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷриба дар самти татбиқи технологияҳои инноватсионӣ дар раванди таълим ва таҳқиқоти илмӣ арзёбӣ гардид.
Дар маросими ифтитоҳи конфронс сардори раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Абдуҷалилзода Фарзона ва намояндагони доираҳои илмӣ суханронӣ намуда, нақши илм ва инноватсияро дар рушди иқтисодию иҷтимоии кишвар муҳим арзёбӣ карданд. Зикр гардид, ки татбиқи дастовардҳои муосири илмӣ ва истифодаи технологияҳои навин яке аз омилҳои асосии пешрафти соҳаи маориф ва рушди устувори ҷомеа мебошад.
Зимни кори конфронс иштирокчиён оид ба масъалаҳои марбут ба «Вазъ ва дурнамои инноватсия дар илмҳои табиатшиносӣ ва техникӣ» ва дигар самтҳои муҳими илмӣ маърӯзаҳои илмӣ пешниҳод намуданд.
Дар анҷоми ҳамоиш иштирокчиён аҳаммияти баргузории чунин чорабиниҳои илмиро дар рушди тафаккури илмӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва омодасозии кадрҳои баландихтисос таъкид намуда, барои таҳкими минбаъдаи фаъолияти илмӣ-тадқиқотӣ пешниҳодҳои судманд ироа карданд.
|
