| Хабарҳо |
|
ҒОЛИБИЯТИ ХОНАНДАГОНИ ЛИТСЕЙИ НАЗДИ ДОНИШГОҲ ДАР ДАВРИ НОҲИЯВИИ ОЗМУНИ ҶУМҲУРИЯВИИ «ИЛМ – ФУРӮҒИ МАЪРИФАТ»
5 июни соли 2026 дар толори Литсейи №3-и ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе маросими тантанавии ҷоизасупорӣ ба ғолибони даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» баргузор гардид.
Дар чорабинии мазкур муовини раиси ноҳияи Исмоили Сомонӣ Аминзода Манижабону иштирок намуда, ғолибон ва омӯзгорони онҳоро барои дастовардҳои назаррас табрик гуфт.
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки хонандагони Литсейи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар ин озмуни бонуфуз иштироки фаъолона намуда, маҳорати баланди донишандӯзӣ ва қобилияти илмии худро нишон доданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои даври ноҳиявӣ хонандагони литсей сазовори се ҷойи ифтихорӣ гардида, аз ҷумла як нафар ҷойи дуюм ва ду нафар ҷойи сеюмро ишғол намуданд. Ғолибон бо диплом, ифтихорнома ва мукофотпулӣ қадрдонӣ карда шуданд.
Роҳбарияти донишгоҳ ва маъмурияти литсей ин дастоварди арзандаро ба хонандагон, падару модарон ва омӯзгорони онҳо табрик гуфта, ба иштирокчиён дар марҳилаҳои минбаъдаи озмун муваффақиятҳои нав ба нав орзу менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки Озмуни ҷумҳуриявии «Илм – фурӯғи маърифат» бо мақсади рушди тафаккури илмӣ, ҷалби наврасону ҷавонон ба омӯзиши фанҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, дарёфт ва дастгирии истеъдодҳои ҷавон ҳамасола дар саросари кишвар баргузор мегардад.
|
