• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо

ХОНИШИ СИЁСӢ: “АҲАМИЯТИ ОВАРДАНИ ХОКИ ОРОМГОҲИ ЧЕҲРАҲОИ САРШИНОСИ МИЛЛАТ ДАР БОЛО БАРДОШТАНИ ҲИССИ ВАТАНДӮСТИИ ҶОМЕА”
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ таҳти унвони «Аҳамияти овардани хоки оромгоҳи чеҳраҳои саршиноси миллат дар боло бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷомеа» хониши сиёсӣ баргузор гардид.
Дар чорабинӣ намояндагони раёсати донишгоҳ, омӯзгорон ва кормандон иштирок намуда, доир ба аҳамияти гиромидошти мероси таърихӣ ва нақши шахсиятҳои барҷастаи миллӣ дар таҳкими худшиносӣ ва ватандӯстии ҷомеа мубодилаи афкор намуданд.
Зимни ҳамоиш Маҳмудов Давлатшо — омӯзгори кафедраи таърихи халқи тоҷик маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуда, оид ба ҷойгоҳи чеҳраҳои саршиноси миллат дар таърихи давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи ватандӯстӣ суханронӣ кард.
Таъкид гардид, ки эҳтиром ба мероси маънавию фарҳангии гузаштагон ва пос доштани хотираи фарзандони фарзонаи миллат аз омилҳои муҳими таҳкими ваҳдати миллӣ, худшиносӣ ва ҳисси баланди ватандӯстӣ ба шумор меравад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj