| Хабарҳо - Тарбия |
|
ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ЗАБОН МУАРРИФӢ ГАРДИД
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таваҷҷуҳи унвонҷӯёну докторантон мерасонад, ки шурои диссертатсионии 6D.KOA-132 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисос доир ба
ихтисосҳои 6D020500 – Филология (6D020501 – Забони тоҷикӣ); 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021301 – Назарияи забон) ва дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои филологӣ аз рӯйи ихтисосҳои 6.2. Филология (6.2.1. Забони тоҷикӣ ва 6.2.2. Назарияи забон) ба фаъолият шуруъ намуд ва дар муаррифии шуроҳои мазкур муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.х., профессор Раҷабзода Сироҷиддин, намояндагони Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои гуманитарӣ Вализода Ҳокимхон, сармутахасиси шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ Ҷаъфарӣ Амиршо, саркотиб ва аъзои шуроҳои диссерататсионии 6D.KOA-132-и назди Донишгоҳ иштирок намуданд. |
