| Хабарҳо - Тарбия |
|
There are no translations available.
#РУБРИКА_РАВЗАНАИ_ОШНОӢ: ОЗОДАРӮЗГОР – РАҶАБМОҲ ҚОСИМОВА
Ӯ бо гуфтори хуш, рафтори намуна, одоби ҳамда, дасти кушоду диди фарох ба дилу дидаҳо маъво гирифтааст. Ҳузури муборакаш бо дидаҳо нур, ба дилҳо сурур ва ба маҳфилҳо гармӣ мебахшад. Бо файзи қадамҳои некаш ҳатто дар зимистон баҳор меорад, зеро дилаш сафед ва кулбори орзуҳояш пурумед аст. Чунин хислатҳои ҳамида ӯро арҷманд ва гули сари сабад гардонидаанд. Дар асл инсони заминиву хоксор аст, накӯкориву
инсоннавозиро аз падар Исмоилов Қосим ва ҳалимиву дилсӯзиро аз модар Каримова Гулнора ба мерос гирифтааст. Волидайнаш аз ноҳияи хушбоду ҳавои Ховалинг ба шаҳри Кулоб кӯчида, он ҷо муқимӣ шудаанд. Падараш умре дар мақомати давлатӣ кор карда, ба сифати омӯзгор насли ҷавонро ҷониби сарманзили илму дониш парваришу ҳидоят намудааст, модараш ба сифати китобдор дар ташаккули маънавии ӯ саҳм гирифтааст.Оре, ӯ дар оилаи зиёӣ тарбият ёфтааст, ба ин сабаб ба қавле чашмаш сер ва дасту дилаш пок буда, дар роҳи шарофату ҳақталошӣ насиҳатҳои падарро то кунун ҳалқа ба гӯш карда аст. Ҳанӯз аз ёд набаровардааст, ки боре падар дар ҳузури ӯ ба гӯши бародараш гуфта буд: Писарам, дар зиндагӣ ҳаргиз дуздӣ накун. Писар ҳайрон ба падараш нигоҳ карду чизе нагуфт. Чунки ӯ ҳаҷ гоҳ дар зиндагӣ дасти каҷ надошт. Падар лабханде заду идома дод: дар зиндагӣ дурӯғ нагуй, чун дурӯғ гуфтӣ, садоқатро дузидаӣ. Хиёнат накун, агар кардӣ, ишқро дуздидаӣ. Хушунат накун, агар кардӣ, муҳаббатро дуздидаӣ. Ноҳақ нагуй, агар гуфтӣ, ҳақро дуздидаӣ. Беҳаёӣ накун, агар кардӣ, шарофатро дуздидаӣ. Пас ҳеҷ гоҳ дӯздӣ накун!. Ӯ бо гузашти рӯзҳо акнун сарфаҳм меравад, ки чаро падар маҳз дар ҳузури ӯ чунин гуфта буд, яъне дарро задам, девор шунав.
Раҷабмоҳ Қосимоваро дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҳама мешиносанду эҳтиром мекунанд. Хислатҳои талаби донишу маърифат, баланд бардоштани малакаи касбӣ, дӯст доштани касби худ ӯро байни кормандон ва донишҷӯён соҳибобрӯ гардонидааст. Раҷабмоҳ Қосимова бонуи боғайрату тавонманд ва ибратбахшест, ки аз ҷавонӣ бо сару дили мардонавораш ба тобидан пар кашида, соли 1969 омӯзишгоҳи тиббии шаҳри Кӯлобро бо баҳои аъло хатм кард. Муддате ҳамчун момодоя фаъолият дошт, баъдан факултаи ҳуқуқшиносии Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленинро (1975-1980) поён бурд. Солҳои 2002 – 2007 сардори асноди ҳолати шаҳрвандии назди Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид ва дар ин соҳа низ соле чанд заҳмат кашид. Солҳои 2007 – 2008 ректори донишкадаи такмили ихтисоси кормандони Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, мувофиқи озмун солҳои 2008 – 2012 мудири кафедраи сиёсатшиносии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, солҳои 2012 – 2015 раиси Шурои занони донишгоҳ ва то ин ҷониб дотсенти кафедраи сиёсатшиносӣ ва ҳамзамон раиси Созмони ибтидоии собиқадорони ҷангу меҳнати донишгоҳи мазкур шуда, фаъолияташро давом медиҳад.
Раҷабмо Қосимова аз он меболад, ки ҳамвора дар зиндагӣ ситораи талеъаш дурахшида, то ҳол шаъшаъапошӣ дорад. Ҳамсараш шодравон Халифабобо Ҳомидов аз чеҳраҳои саршиноси Тоҷикистон буда, то ба дараҷаи вазири адлияи Тоҷикистон расидааст. Ӯ аз ин рӯзгори якҷояи ширин хотираҳои неку ҷолиб дорад. Раҷабмоҳ дафтари рӯзгорашро варақ зада ба ёд меорад, ки соли 1981 ҳамроҳ бо ҳамсараш Халифабобо Ҳомидов бо сафари хизматӣ ба Афғонистон рафт. То соли 1984 Раҷабмоҳ дар шифохонаи Иттиҳоди Шуравӣ дар Кобул момодоя буду ҳамсараш дар донишгоҳи Кобул дарс мегуфт.
- Ману ҳамсар ва писарам дар як хона, дар ҳуҷраҳои алоҳида бо зану шавҳари русе аз Москва мезистем, ки аз забондонӣ, матонат ва хулқу атвори мо хушашон меомад. Дар ҳамсоягӣ афсарон зиндагӣ доштанд. Ба ҳаққу ҳамсоягон, мардуми таҳҷоӣ ҳам ёрии тиббӣ мерасонидам. Маҳаллаҳои наву куҳнаи шаҳри Кобулро пуле ба ҳам мепайваст. Мағозае, ки ба шӯравиҳо хизмат мерасонд, дар он сӯи пул воқеъ буд. Дасти писаракамро гирифта, сӯи мағоза раҳсипор мешудам. Сари ҳар одам аз ҳар анвои ғизоӣ яккилоӣ медоданд. Ҳарчанд ғизо барои оилаи мо зиёд буд, ҳаққамро пура мегирифтам. Дар ду канори пул сарбозони шӯравӣ навбатдорӣ мекарданд ва қисме аз он ғизоҳоро ба онҳо ҳадя карда, як қисми дигарашро ба ҳамсоягон мебахшидам. Ба бонувони омӯзгори афғон ҳаваси кас меомад. Костюму доманҳои шинам, мӯйҳои зебо орододашуда ва портфел дар даст ба дарс мерафтанд. Ҳурмату эҳтироми хурду калон зиёд буд. Хиёлам, ки он замон зиндагӣ дар Афғонистон беҳтар аз имрӯза буд.
Баъзан савори автобус моро ба маркази шаҳри Кобул баҳри харид мебурданд, ба мағозаи калон, ки молу колои зебо дошт. Сарбози русе хизматро адо намуда буду барои модараш ба суроғи савғо моро ҳамраҳӣ кард. Туҳфаҳоро интихоб менамуду аз ман маслиҳат мепурсид, ки барои модар кадоме писанд хоҳад омад. Ногаҳ тири нохалафе ба ӯ расиду пеши поям ба замин афтоду ҷон дод. Туҳфаҳои дасташ ҳар сӯ пареш хӯрданд. Ба даҳшат омадаму сахт мутаассир гаштам. Ҳар дам ба хаёлам, ки ин ҳодиса дирӯзакак буд,- қисса намуд бону Раҷабмоҳ.
Раҷабмоҳро заҳматҳои пайвастаи занони Афғонистон ба риққат меовард, ӯ шоҳиди он буд, ки ҳатто дар ҳолати ҷангӣ бонувони афғон ҷон ба каф гирифта, насли наврасро омӯзиш медоданд, бо либоси ягонаи расмии соҳавӣ ба таълимгоҳ мерафтанд, бархе аз онҳо дар роҳи омӯзишу парвариш ҷони худро фидо менамуданд. Дар роҳи таълими миллат ҷон фидо намудан барои Раҷабмоҳ Қосимова сабақи зиндагӣ шуд.
Таълиму тарбияи насли наврас сати дигари фаъолияти ин зани озодарӯзгор ба шумор меояд. Дар давоми фаъолияти меҳнатиаш Қосимова Раҷабмо Исмоиловна худро ҳамчун зани соҳибкасб, эҷодкор, оқилву доно ва дӯстдорандаи касби худ нишон дода, барои беҳтаршавии сифати таълиму тарбияи ҷавонон ва беҳтаршавии сифати кор дар ин муассиса корҳои зиёдеро ба анҷом расонид. Ӯ муаллиф ва ҳаммуаллифи 8 китобу дастури таълимӣ ва беш аз 60 мақолаҳои илмӣ, илмию методӣ буда, дар конфренсияҳои гуногуни ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ баромад ва иштирок намудааст.
Ин зани ташаббускору ҷӯянда ва озодарӯзгор шоҳиди зина ба зина рушди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон аст. Дар пеши чашми ӯ маҳз дар даврони истиқлол донишоҳ симояшро ба куллӣ дигаргун намуд, биноҳои таълимӣ куллан таъмир гардида, бо ташаббуси ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ, профессор Аҳлиддин Ибодуллозода бинои наву замонавии факултети забони русӣ мавриди истифода қарор гирифт, дар ҷодаи таълим тағйироти сифатӣ ба вуқуъ пайваст, донишгоҳ дар ҷодаи байналмилалӣ ҷойгоҳи хоса касб кард. Бунёди хобгоҳи барҳавову замонавӣ барои омӯзгорон аз ташаббусҳои созандаи роҳбарият ба ҳисоб меояд, - мегӯяд ӯ.
Тарғиби худшиносии миллӣ бояд дар меҳвари фаъолияти омӯзгор қарор бигирад, - андеша дорад ин бонуи хирадпешад. Зеро касе, ки худро шиносад, ҷаҳони маъниро фаҳмида метавонад. Илм бе одоб — чароғест бе нур. Ӯ дар раванди тадрис барои тақвияти ин маъно ба ҳикоятҳое истинод мекунад, ки ҷанбаи тарбиявӣ доранд, чунончӣ:
Рӯзе Ҷомӣ аз назди бозор мегузашт. Дар роҳ дид, ки гурӯҳе аз шогирдон бо устоди худ баҳс доранд. Онҳо аз Ҷомӣ хоҳиш карданд, ки ба баҳси онҳо ҳукм диҳад. Яке аз шогирдон бо ифтихор гуфт:
— Эй устоди бузург, ман тамоми китобҳои илмиро хондаам ва дигар чизе намондааст, ки надонам!
Ҷомӣ бо табассум ба ӯ нигарист ва гуфт:
— Пас, бигӯ, чи чиз аз ҳама душвортар аст?
Шогирд каме андешид ва гуфт:
— Аз ҳама душвортар — фаҳмидани илми осмон аст.
Ҷомӣ оромона гуфт:
— Не, фарзанд, аз ҳама душвортар фаҳмидани худи инсон аст. Агар касе худро шиносад, тамоми оламро мешиносад.
Он гоҳ рӯ ба шогирдон оварда гуфт:
— Илм на танҳо донистани китобҳост, балки одоб, хулқ ва шинохти нафс ҳам илмест. Он шогирд сар ба зери по андохт ва аз он рӯз фурӯтану хоксор гашт. Дар раванди дарс зикри чунин ҳикоятҳои омӯзандаро Раҷабмоҳ барои сайқал додани тафаккури толибилмон зарур мешуморад. Ин усули таълими ӯст.
Имрӯз номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ Раҷабмоҳ Қосимова аз он ифтихор дорад, ки заҳматҳояш қадрдонӣ шудаанд. Соли 2017 бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо медали “Хизмати шоиста” қадрдонӣ гардид. Номбурда дорандаи силсилаи Сипосномаву Ифтихорнома ва раҳматномаҳо буда, таълиму тарбияро волотарин неъмат бармешуморад.
Ӯ бо дарсҳои пурмазмун дили ҷӯяндагони ганҷи донишро ба зиндагӣ гарм мекунад, дарсҳои ӯ ба мисли панди рӯз дар хотири шогирдон абадан нақш мебанданд, зеро бузургтарин дарси муаллим, дар дили шогирд навишта мешавад, на дар дафтараш.
Саидмуроди Хоҷазод, профессор
|
