| Хабарҳо - Тарбия |
|
БАРНОМАИ «ЭФФЕКТА» НАТИҶАГИРӢ ВА ИШТИРОКЧИЁНИ ФАЪОЛ ҚАДРДОНӢ ГАРДИДАНД
Дар доираи як чорабинӣ барномаи «ЭФФЕКТА» натиҷагирӣ гардида, як қатор устодон ва донишҷӯёни фаъоли Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо сертификат ва туҳфаҳои хотирмон қадрдонӣ шуданд.
Барномаи «ЭФФЕКТА», ки бо дастгирии Британияи Кабир ҷиҳати такмили омӯзиши забони англисӣ роҳандозӣ гардида буд, аз аввали моҳи март то охири моҳи майи соли ҷорӣ тариқи онлайн амалӣ гардид. Дар доираи он 67 нафар устодон, аз ҷумла 16 нафар омӯзгорони мутасаддӣ бо донишҷӯён ва 420 нафар донишҷӯён фаъолона иштирок намуданд.
Бо мақсади ҳавасмандгардонии иштирокчиёни фаъол, дар маросими ҷамъбасти барнома намояндагони лоиҳаи «ЭФФЕКТА» беҳтарин иштирокчиёнро бо туҳфаҳои хотирмон ва сипосномаҳо қадрдонӣ намуданд.
Аз рӯйи натиҷаҳои барнома 7 нафар донишҷӯ бо соатҳои электронӣ, 2 нафар устод бо планшет ва 11 нафар омӯзгорони мутасаддӣ бо сипоснома сарфароз гардиданд.
Қадрдонии иштирокчиёни фаъол нишонаи арҷгузорӣ ба саъю кӯшиши онҳо дар самти омӯзиши забони англисӣ ва рушди малакаҳои касбӣ буда, барои иштироки минбаъда дар чунин барномаҳои байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
|
