| Хабарҳо - Тарбия |
|
КИТОБИ НАВИ ДАРСӢ АЗ ЧОП БАРОМАД!
Боиси хушнудист, ки китоби дарсии «Амалияи нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ (аз фанни забони фаронсавӣ). Қисми 1» барои донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ аз чоп баромад.Муаллифи китоб Маликов Абдулвоҳид Расулҷонович, номзади илмҳои филология, дотсент ва омӯзгори кафедраи забони фаронсавӣ мебошад. Китоб бо қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси китоби дарсӣ тавсия гардида,
барои донишҷӯёни курси аввали ихтисосҳои забони фаронсавӣ ва фаронсавӣ–англисӣ таҳия шудааст. Ҳамзамон, он метавонад барои ҳамаи омӯзандагони забони фаронсавӣ ҳамчун дастури муфид дар рушди маҳорати нутқи шифоҳӣ ва хаттӣ хизмат намояд.
Дар китоб машқу супоришҳои амалӣ, матнҳои таълимӣ ва маводи методӣ ҷой дода шудаанд, ки ба такмили малакаҳои гуфтор, навиштор ва муоширати донишҷӯён бо забони фаронсавӣ мусоидат мекунанд.
Муаллиф ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 95-солагии Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ин асари илмӣ-таълимиро эҳдо намудааст.
Раёсати донишгоҳ ва ҳайати омӯзгорон муаллифро барои нашри китоби нави дарсӣ самимона табрик гуфта, ба ӯ дар фаъолияти илмию омӯзгорӣ комёбиҳои боз ҳам бештар орзу менамоянд.
|
