• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

ҲАМОИШИ ИЛМӢ БА МУНОСИБАТИ ҚАБУЛИ ТАШАББУСИ НАВИ ТОҶИКИСТОН ДАР СММ БАРГУЗОР ГАРДИД
Дар Донишгоҳ ҳамоиши илмӣ бахшида ба қабули ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027–2036», ки 25 июни соли 2026 бо қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид қабул гардид, баргузор шуд.
Дар кори ҳамоиш ректори донишгоҳ, Аҳлиддин Ибодуллозода, муовинони ректор ва ҳайати раёсат иштирок намуданд.
Ҳамоишро ректори донишгоҳ ифтитоҳ намуда, иброз дошт, ки қабули ин ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи Созмони Милали Муттаҳид нишонаи эътирофи ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сиёсати сулҳҷӯёна ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Таъкид гардид, ки татбиқи ин даҳсола барои таҳкими фарҳанги сулҳ, густариши ҳамкорӣ миёни давлатҳо ва тарбияи насли ҷавон дар рӯҳияи таҳаммулгароӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ аҳаммияти муҳим дорад.
Зимни ҳамоиш баромадкунандагон доир ба аҳаммияти байналмилалии ташаббуси нави Тоҷикистон, нақши кишвар дар пешбурди рӯзномаи ҷаҳонии сулҳу амният, таҳкими муколамаи тамаддунҳо, баланд бардоштани маърифати сулҳпарварӣ дар байни ҷавонон ва саҳми муассисаҳои таҳсилоти олӣ дар тарбияи насли огоҳу масъулиятшинос ибрози андеша намуданд.
Иштирокчиён зикр карданд, ки қабули қатъномаи мазкур бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ тақвият бахшида, барои таҳкими ҳамкориҳои созанда ҷиҳати таъмини сулҳу суботи пойдор ва рушди устувор заминаи мусоид фароҳам меорад.

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj