• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ИШТИРОКИ НАМОЯНДАИ ДОНИШГОҲ ДАР ОМӮЗИШИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ICOMOS
Аз 1 то 3 июли соли 2026 дар шаҳри Самарқанди Ҷумҳурии Ӯзбекистон омӯзиши байналмилалӣ таҳти унвони «Climate Literacy Training for Heritage Professionals» (Барномаи омӯзишӣ оид ба саводнокии иқлимӣ барои мутахассисони соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ) баргузор гардид. Чорабинӣ аз ҷониби ICOMOS (Шурои байналмилалии ёдгориҳо ва маконҳо) бо дастгирии Бунёди ALIPH (Alliance for the Protection of Heritage in Conflict Areas) ташкил карда шуд.
Дар омӯзиши мазкур зиёда аз 100 мутахассис аз кишварҳои гуногуни ҷаҳон барои иштирок номзад пешниҳод намуда, пас аз баррасии Кумитаи интихобӣ танҳо 15 нафар барои ширкат дар барнома интихоб гардиданд.
Боиси ифтихор аст, ки дар байни иштирокчиёни интихобшуда намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон — Кенҷазод Фаридун, директори Осорхонаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ низ ҳузур дошт.
Зимни омӯзиш иштирокчиён масъалаҳои марбут ба таъсири тағйирёбии иқлим ба мероси фарҳангӣ, роҳҳои мутобиқсозии идоракунии объектҳои таърихию фарҳангӣ ба хатарҳои иқлимӣ, истифодаи таҷрибаи байналмилалӣ ва таҳкими ҳамкориҳоро бо мутахассисони кишварҳои гуногун мавриди омӯзиш ва муҳокима қарор доданд.
ICOMOS яке аз бонуфузтарин созмонҳои байналмилалӣ дар самти ҳифз ва нигоҳдории мероси фарҳангӣ ба шумор рафта, аз соли 1965 фаъолияти худро ба роҳ мондааст. Имрӯз ин созмон беш аз 12 ҳазор узвро аз зиёда аз 130 кишвари ҷаҳон муттаҳид намуда, ҳамчун мақоми машваратии ЮНЕСКО дар масъалаҳои ҳифзи мероси фарҳангии ҷаҳонӣ фаъолият мекунад.
Иштироки намояндаи донишгоҳ дар чунин барномаи сатҳи байналмилалӣ далели эътирофи қобилияти касбӣ ва саҳми Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дар рушди соҳаи ҳифзи мероси фарҳангӣ буда, барои густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сатҳи тахассусии мутахассисон аҳаммияти муҳим дорад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj