• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

САЁҲАТИ ИЛМИИ ОЛИМОНИ ФАКУЛТЕТИ БИОЛОГИЯ

Бо дастгирии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода, гурӯҳи олимони кафедраи зоологияи факултети биология таҳти роҳбарии профессори кафедра Т. Сатторов дар ҳамкорӣ бо омӯзгорону муҳаққиқон Т. Наҷмуддинов, У. Эргашев, У. Абдиев ва Давлатзода А. – ассистенти кафедраи зоология ва физиологияи одаму ҳайвоноти Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров аз 30 июн то 8 июли соли 2026 сафари илмӣ-тадқиқотӣ ба минтақаҳои регзори ҷанубу ғарбии Тоҷикистон анҷом доданд.
Ҳадафи сафар иҷрои лоиҳаи илмӣ ва омӯзиши экосистемаҳои хазандагони регзорҳои ноҳияҳои Қубодиён (регзори Шоҳ), Шаҳритус (Айвоҷ) ва водии Бешкенти ноҳияи Носири Хусрав буд.
Зимни корҳои саҳроӣ олимон таркиби намудӣ ва ҳолати популятсияи хазандагонро мавриди омӯзиш қарор дода, оид ба намояндагони оилаи гекконҳо, намудҳои гуногуни калтакалосҳо, офтобгардакҳо, сусморҳо ва морҳо маълумоти нави илмӣ ҷамъоварӣ намуданд. Ҳамзамон, ҳарорати ҳаво ва хок, баландӣ аз сатҳи баҳр, суръати шамол ва дигар нишондиҳандаҳои муҳити зист вобаста ба фаъолияти шабонарӯзии хазандагон ба қайд гирифта шуданд.
Мушоҳидаҳо нишон доданд, ки дар регзорҳо ҳарорати ҳаво аз субҳ то нисфирӯзӣ ба +28 то +47 дараҷа ва ҳарорати сатҳи рег то +56 дараҷа мерасад. Дар соатҳои бегоҳӣ ҳарорати ҳаво +33–38 ва ҳарорати хок +35–40 дараҷаро ташкил дода, ин омилҳо ба фаъолияти эколого-биологии хазандагон таъсири мустақим мерасонанд.
Дар натиҷаи таҳқиқот олимон ба хулоса омаданд, ки регзорҳои табиие, ки таъсири фаъолияти инсон дар онҳо ҳанӯз кам боқӣ мондааст, асосан дар соҳили рости дарёи Аму, дар атрофи деҳаи Айвоҷи ноҳияи Шаҳритус, қад-қади шоҳроҳи Айвоҷ – Термиз ҷойгир мебошанд. Дар ин мавзеъ теппаҳои реги равон ва муҳити табиии зисти хазандагон то имрӯз ҳифз гардидааст.
Таҳқиқоти саҳроӣ ҳамчунин нишон дод, ки дар ин минтақа шумораи намояндагони як қатор намудҳои хазандагон нисбатан зиёд буда, онҳо дар муҳити табиӣ нигоҳ дошта шудаанд. Маводи ҷамъоваришуда дар шароити лаборатории факултет мавриди таҳлил ва ташхиси илмӣ қарор гирифта, натиҷаҳои он дар таҳқиқоти минбаъда истифода хоҳанд шуд.
Олимони факултети биология таъкид менамоянд, ки бо мақсади омӯзиши амиқтари гуногуншаклии биологӣ ва ҳифзи экосистемаҳои регзорҳои Тоҷикистон чунин таҳқиқотҳои саҳроӣ дар оянда низ идома хоҳанд ёфт.
 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj