| Хабарҳо - Тарбия |
|
ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ХИМИЯ МУАРРИФӢ ГАРДИД
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таваҷҷуҳи унвонҷӯёну докторантон мерасонад, ки шурои диссертатсионии 6D.KOA-133 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D060600 – Химия (6D060604 – Химияи органикӣ ва 6D060614 – Химияи тиббӣ), инчунин барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои химия ва доктори илмҳои химия аз рӯйи ихтисосҳои 1.4.
Химия (1.4.4. Химияи органикӣ ва 1.4.14. Химияи тиббӣ) дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият шуруъ намуд ва дар муаррифии шурои мазкур – раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин, мудири шуъбаи илмҳои гуманитарӣ Вализода Ҳокимхон, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ Гулзода Аҳлиддин, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.х., профессор Раҷабзода Сироҷиддин, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т., дотсент Айнулозода Наҳтулло, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.ф., профессор Қурбонзода Рухшона, саркотиб ва аъзои шурои диссерататсионии 6D.KOA-133-и назди Донишгоҳ иштирок намуданд.
|
