| Хабарҳо - Тарбия |
|
ШУРОИ ДИССЕРТАТСИОНИИ ТАЪРИХ МУАРРИФӢ ГАРДИД
Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба таваҷҷуҳи унвонҷӯёну докторантон мерасонад, ки шурои диссертатсионии 6D.KOA-135 оид ба дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D020301 – Таърих (6D020301 – Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) ва 6D020303 – Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ), инчунин барои дарёфти дараҷаи илмии
номзади илмҳои таърих ва доктори илмҳои таърих аз рӯйи ихтисоси 6.1. Таърих ва бостоншиносӣ (6.1.1. Таърихи ватанӣ (таърихи халқи тоҷик) ва 6.1.5. Таърихнигорӣ, маъхазшиносӣ ва методҳои таҳқиқоти таърихӣ) дар назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба фаъолият шуруъ намуд ва дар муаррифии шурои мазкур – раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин, мудири шуъбаи илмҳои гуманитарӣ Вализода Ҳокимхон, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникӣ Гулзода Аҳлиддин, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, д.и.х., профессор Раҷабзода Сироҷиддин, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, н.и.т., дотсент Айнулозода Наҳтулло, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, д.и.ф., профессор Қурбонзода Рухшона, саркотиб ва аъзои шурои диссерататсионии 6D.KOA-135-и назди Донишгоҳ иштирок намуданд. |
