| Хабарҳо - Тарбия |
|
БЕҲТАР НАМУДАНИ ФАЪОЛИЯТИ ШУРОҲОИ ДИССЕРТАТСИОНӢ ВА МАҶАЛЛАҲОИ ИЛМӢ
10-уми июли соли 2026 дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ҷаласаи корӣ оид ба масъалаҳои такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои илмӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин, мудири шуъбаи илмҳои гуманитарии Комиссия
Вализода Ҳокимхон, мудири шуъбаи аттестатсионии илмҳои табиӣ-математикӣ ва техникии Комиссия Гулзода Аҳлиддин, муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, доктори илмҳои химия, профессор Раҷабзода Сироҷиддин, муовини якум, муовини ректор оид ба корҳои таълимӣ, номзади илмҳои таърих, дотсент Айнулозода Наҳтулло, муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ, доктори илмҳои филологӣ, профессор Қурбонзода Рухшона, саркотиб, роҳбарони сохторҳои илм, масъулони маҷаллаҳо ва аъзои шуроҳои диссертатсионии назди Донишгоҳ иштирок намуданд.Ҷаласаро муовини ректор оид ба корҳои илмӣ, профессор Раҷабзода Сироҷиддин ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфт. Ӯ зимни суханронии худ аз дастовардҳои Донишгоҳ дар самти фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва нашри маҷаллаҳои илмӣ ёдовар шуда, таъкид намуд, ки баланд бардоштани сифати таҳқиқоти илмӣ ва мутобиқ намудани фаъолияти шуроҳо ва маҷҷалаҳои илмӣ ба талаботи муосир аз вазифаҳои муҳимми муассиса ба ҳисоб меравад. Сипас, сухан ба раиси Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлатзода Сайфиддин дода шуд.
С. Давлатзода дар суханронии худ вазъи кунунии фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои илмии донишгоҳро мавриди таҳлил қарор дода, оид ба риояи талаботи санадҳои меъёрӣ, баланд бардоштани сифати экспертизаи корҳои илмӣ, тақвияти масъулияти аъзои шуроҳо ва мутобиқ намудани фаъолияти маҷаллаҳои илмӣ ба меъёрҳои байналмилалӣ тавсияҳои мушаххас пешниҳод намуд. Таъкид гардид, ки рушди босифати илм ва омодасозии кадрҳои баландихтисос пеш аз ҳама ба фаъолияти самараноки шуроҳои диссертатсионӣ ва сатҳи касбии нашрияҳои илмӣ вобастагӣ дорад.
Дар идомаи ҷаласа мудири шуъбаи илмҳои гуманитарии Комиссия Вализода Ҳокимхон бо маърузаи муфассал баромад намуд ва доир ба тартиби додани дараҷаҳо ва унвонҳои илмӣ, талаботи амалкунанда нисбат ба ҳимояи рисолаҳо, инчунин фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои илмӣ маълумоти мушаххас пешниҳод карда, ҷиҳати бартараф намудани камбудиҳои мавҷуда ва баланд бардоштани сифати фаъолияти онҳо тавсияҳои амалӣ ироа намуд.
Зимни ҷаласа миёни намояндагони Комиссияи олии аттестатсионӣ ва иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, масъалаҳои мубрами рушди илм, такмили фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ, баланд бардоштани сифати нашрияҳои илмӣ мавриди баррасии ҳамаҷониба қарор гирифтанд.
Дар фарҷом таъкид гардид, ки татбиқи тавсияҳои пешниҳодшуда барои боз ҳам баланд бардоштани сатҳу сифати фаъолияти шуроҳои диссертатсионӣ ва маҷаллаҳои илмии Донишгоҳ, таҳкими фазои илмӣ ва омодасозии мутахассисони рақобатпазир заминаи мусоид фароҳам оварда, дар рушди минбаъдаи илму маорифи кишвар нақши муассир хоҳад гузошт.
|
