• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

КОРҲОИ ТАЪМИРИЮ ОБОДОНӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ МАТЕМАТИКА ВА ИНФОРМАТИКА ОҒОЗ ГАРДИД
Бо дастгирии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло ва дар доираи сиёсати ободониву беҳсозии муҳити таълим, дар факултети математика ва информатика корҳои васеи таъмиру навсозӣ оғоз гардид.
Дар доираи ин тадбирҳо роҳравҳо ва зинапояҳои се ошёнаи бинои факултет пурра аз таъмири асосӣ бароварда шуда, бо тарҳи муосир навсозӣ мешаванд. Ҳамзамон, панҷараҳои муҳофизатии зинапояҳо низ пурра иваз гардида, намунаҳои замонавӣ насб хоҳанд шуд, ки онҳо ҳам ба баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва ҳам ба зебоии муҳити таълим мусоидат мекунанд.
Ҳадаф аз татбиқи чунин корҳои ободониву созандагӣ фароҳам овардани шароити боз ҳам беҳтари таҳсилу фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён, инчунин мутобиқ намудани инфрасохтори донишгоҳ ба талаботи муосир мебошад.
Қобили зикр аст, ки дар солҳои охир бо дастгирии роҳбарияти донишгоҳ дар тамоми факултетҳо ва воҳидҳои сохторӣ корҳои ободонӣ ва навсозии инфрасохтор марҳила ба марҳила амалӣ гардида, барои беҳтар намудани муҳити таълим ва фаъолияти илмӣ шароити мусоид фароҳам оварда мешавад.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj