| Хабарҳо - Тарбия |
|
ОҒОЗИ КОРҲОИ НАВСОЗӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА
Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар факултети физика корҳои таъмиру навсозии бино оғоз гардид.Тибқи нақша, роҳравҳо, зинапояҳо ва тирезаҳои се ошёнаи факултет пурра азнавсозӣ шуда, бо истифода аз масолеҳи муосир таъмир мегарданд. Ҳамзамон, панҷараҳои муҳофизатии зинапояҳо низ пурра иваз гардида, бо намунаҳои нав ва мутобиқ ба талаботи бехатарӣ насб карда мешаванд.
|
