• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

ОҒОЗИ КОРҲОИ НАВСОЗӢ ДАР ФАКУЛТЕТИ ФИЗИКА
Дар доираи тадбирҳои созандагию ободонӣ ва бо ибтикори роҳбарияти Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, дар факултети физика корҳои таъмиру навсозии бино оғоз гардид.
Тибқи нақша, роҳравҳо, зинапояҳо ва тирезаҳои се ошёнаи факултет пурра азнавсозӣ шуда, бо истифода аз масолеҳи муосир таъмир мегарданд. Ҳамзамон, панҷараҳои муҳофизатии зинапояҳо низ пурра иваз гардида, бо намунаҳои нав ва мутобиқ ба талаботи бехатарӣ насб карда мешаванд.
Қобили зикр аст, ки роҳравҳо ва зинапояҳои бинои факултет бори охир охири солҳои 80-уми асри гузашта таъмир гардида буданд. Аз ин рӯ, татбиқи чунин корҳои навсозии асосӣ баъд аз чандин даҳсола барои беҳтар намудани ҳолати инфрасохтор ва муҳайё намудани муҳити арзандаи таълим аҳаммияти махсус дорад.
Ин иқдом ба беҳтар намудани шароити таҳсилу фаъолияти омӯзгорону донишҷӯён, баланд бардоштани сатҳи бехатарии бино ва фароҳам овардани муҳити зебову замонавӣ равона гардидааст.
Бояд таъкид намуд, ки солҳои охир корҳои ободониву навсозӣ дар сохторҳои гуногуни донишгоҳ мутобиқи нақша идома дошта, барои муҳайё намудани фазои мусоиди таълиму тарбия ва рушди инфрасохтори муассиса пайваста тадбирҳои амалии созанда роҳандозӣ мешаванд.

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj