| Хабарҳо - Тарбия |
|
ТАҶДИДИ КОМИЛИ ҚАБАТИ ПОЁНИИ ФАКУЛТЕТИ ХИМИЯ
Дар партави сиёсати созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ба истиқболи сазовори ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо дастгирии ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода дар факултети химия корҳои васеи таъмири асосӣ оғоз гардиданд.Дар ин марҳилаи навсозӣ қабати поёнии бинои факултет пурра аз таъмири капиталӣ бароварда мешавад. Дар доираи корҳои анҷомшаванда дару тирезаҳои мавҷуда пурра иваз гардида, низоми обтаъминкунӣ ва корез, инчунин шабакаҳои таъминоти неруи барқ
аз нав насб карда мешаванд. Ҳамзамон, фарш, сақф ва деворҳои ин қисми бино мутобиқ ба талаботи муосири сохтмонӣ азнавсозӣ гардида, муҳити он комилан таҷдид хоҳад шуд.
Ҳадафи асосии ин иқдом фароҳам овардани фазои мутобиқ ба талаботи муосир барои ташкили фаъолияти таълимӣ, илмӣ ва озмоишгоҳӣ, инчунин баланд бардоштани сатҳи бехатарӣ ва устувории инфрасохтори факултет мебошад. Пас аз анҷоми корҳои таъмирӣ ин қисми бино бо симои нав ва имкониятҳои беҳтари фаъолият мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.
Қобили таъкид аст, ки дар доираи барномаи рушди инфрасохтори донишгоҳ солҳои охир дар факултетҳо ва воҳидҳои сохтории он корҳои сохтмонӣ, таҷдид ва навсозӣ пайваста амалӣ гардида, барои муҳайё намудани муҳити замонавии таълиму таҳқиқот, таҳкими заминаи моддиву техникӣ ва баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои таълимӣ тадбирҳои муассири созанда роҳандозӣ мешаванд.
|
