| Хабарҳо |
|
СОЛИ ХОНИШИ НАВ БО ТАБОДУЛИ АКАДЕМӢ ОҒОЗ МЕГАРДАД
25 августи соли 2026 ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода бо гурӯҳи донишҷӯёни донишгоҳ, ки дар доираи барномаи табодули академӣ ба Ҷумҳурии Корея сафарбар мегарданд, вохӯрӣ анҷом дод.Дар соли таҳсили 2025-2026 дар доираи ҳамкориҳои муштараки байналмилалӣ гурӯҳи навбатии донишҷӯёни риштаи забони кореягии донишгоҳ, иборат аз 6 нафар, барои таҳсил тибқи барномаи табодули академӣ ба Донишгоҳи миллии Ҷонбуки Ҷумҳурии Корея сафарбар гардиданд.
Зимни мулоқот Аҳлиддин Ибодуллозода ба донишҷӯён барои таҳсили бомуваффақият, истифодаи самараноки имкониятҳои таълимӣ, такмили дониши забонӣ ва касбӣ, инчунин омӯзиши таҷрибаи пешқадами муассисаи шарик дастуру тавсияҳо дод. Таъкид гардид, ки ҳар як донишҷӯ дар хориҷи кишвар ҳамзамон намояндаи донишгоҳ ва муаррифгари фарҳангу арзишҳои миллии Тоҷикистон мебошад. Аз ин рӯ, риояи одоби муошират, эҳтиром ба қонун ва анъанаҳои кишвари мизбон, муаррифии шоистаи фарҳанг, таърих ва дастовардҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол аз вазифаҳои муҳими иштирокдорони барномаи табодули академӣ ба шумор меравад.
Ҳамзамон ректори донишгоҳ бо 8 нафар донишҷӯе, ки пас аз анҷоми барномаи табодули академӣ аз Ҷумҳурии Корея ба Ватан баргаштаанд, суҳбат анҷом дод. Дар ҷараёни мулоқот натиҷаҳои таҳсил, таҷрибаи андӯхтаи донишҷӯён ва имкониятҳои истифодаи донишу малакаҳои бадастомада дар раванди минбаъдаи таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар ҳамин замина раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ тасмим гирифтааст, ки фаъолияти худро дар самти густариши табодули академии донишҷӯён боз ҳам тақвият бахшад. Дар назар аст, ки дар доираи созишномаҳои ҳамкорӣ ва барномаҳои муштараки таълимӣ донишҷӯёни донишгоҳ ба муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон низ сафарбар карда шаванд.
|
