• Tajik
  • Russian
  • English
Хабарҳо
There are no translations available.

ҶАМЪОМАДИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА ОҒОЗИ СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ВА 35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ
Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид.
Дар ҷамъомад роҳбарияти донишгоҳ, ҳайати профессорону омӯзгорон ва кормандони сохторҳои гуногуни донишгоҳ иштирок намуданд.
Нахуст ректори донишгоҳ, Аҳлиддин Ибодуллозода, ҳозиринро ба муносибати оғози соли нави таҳсил ва фарорасии 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуда, ба аҳли ҷомеаи донишгоҳ дар соли нави таҳсил фаъолияти пурсамар ва дастовардҳои нав орзу намуданд.
Истиқлоли давлатӣ барои миллати тоҷик дастоварди бузурги таърихӣ ба ҳисоб рафта, ҳамчун омили муҳими таҳкими давлатдории миллӣ ва рушди босуботи кишвар нақши калидӣ дорад.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ соҳаи илму маориф низ ба марҳилаи нави рушд ворид гардида, барои фаъолияти самараноки муассисаҳои таҳсилоти олии кишвар имкониятҳои мусоид фароҳам оварда шудаанд.
Дар идомаи ҷамъомад масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти донишгоҳ дар соли нави таҳсил мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Аз ҷумла, омодагӣ ба чорабиниҳои дарпешистода ва дигар самтҳои фаъолияти донишгоҳ баррасӣ шуданд.
Оғози соли нави таҳсил барои ҷомеаи донишгоҳ марҳилаи нави фаъолияти созанда мебошад.
 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj