| Хабарҳо |
|
РӮЗИ ДОНИШ БО ПАЁМИ СУЛҲУ МАЪРИФАТ ВА ҲИДОЯТҲОИ СОЗАНДА
Имрӯз, 1 сентябр, дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсили 2026–2027 баргузор гардид.Дар чорабинӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Сайдулло Мансурӣ иштирок намуда, аҳли донишгоҳ — устодону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсил табрик намуд.
Нахуст, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Аҳлиддин Ибодуллозода меҳмони олиқадрро ба аҳли толор муаррифӣ намуда, ҳузури ӯро дар ин даргоҳи илму маърифат нишонаи таваҷҷуҳи хосаи роҳбарияти олии мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва омода намудани кадрҳои омӯзгорӣ арзёбӣ кард.
Зимни суханронӣ Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Дилрабо Сайдулло Мансурӣ аҳамияти Рӯзи дониш ва оғози соли нави таҳсилро таъкид намуда, ба масъалаҳои рушди соҳаи маориф, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия, омода намудани кадрҳои соҳибкасб ва нақши ҷавонон дар пешрафти ҷомеа таваҷҷуҳи хос зоҳир намуд.
Таъкид гардид, ки дар шароити сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ барои рушди соҳаи маориф, таҳкими заминаҳои моддию техникӣ, фароҳам овардани шароити мусоид барои таълиму тарбия ва рушди иқтидори илмӣ имкониятҳои васеъ фароҳам оварда шудаанд.
Дар идомаи суханронӣ аз аҳамияти хосаи дониш, маърифат ва тарбияи насли ҷавони худшиносу ватандӯст ёдовар шуда, таъкид гардид, ки ҷавонон бояд аз имкониятҳои фароҳамомада самаранок истифода намуда, барои аз худ кардани донишҳои муосир, забонҳои хориҷӣ ва технологияҳои нав пайваста талош варзанд.
Ҳамзамон, дар чорабинӣ ба нақши омӯзгор дар тарбияи насли наврас ва омода намудани мутахассисони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир таваҷҷуҳ зоҳир карда шуд.
Дар оғози соли нави таҳсил таъкидҳои созанда ва ҳидоятҳои ироашуда барои ҷомеаи донишгоҳ ҳамчун роҳнамои фаъолияти минбаъда ҷиҳати баланд бардоштани сифати таълим, рушди илм, таҳкими корҳои тарбиявӣ ва омода намудани омӯзгорони соҳибкасб хизмат хоҳанд кард.
Чорабинии тантанавӣ дар фазои идона ва бо эҳсоси баланди ватандӯстиву масъулиятшиносӣ идома ёфта, аҳли донишгоҳ соли нави таҳсилро бо нияти дастовардҳои нав ва корҳои созанда оғоз намуданд.
Дар фарҷоми чорабинии тантанавӣ барномаи фарҳангӣ-фароғатӣ пешкаши иштирокчиён гардид. Ҳунармандони ансамбли «Чеҳранамо»-и Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ бо иҷрои сурудҳои дилнишин ба чорабинӣ ҳусни дигар бахшида, фазои идонаи онро боз ҳам рангинтар намуданд.
Рӯзи дониш муборак бошад!
|
