• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Факултетҳо
There are no translations available.

 

Ғафорзода Ҷонона Ғафор

Декани факултети иқтисод ва идора
номзади илмҳои иқтисоди., дотсент

Тел: 93-101-86-86

Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 

Ғафорзода Ҷонона Ғафор 28.12.1989 дар ноҳияи Исмоили Сомонӣ, шаҳри Душанбе, дар оилаи омӯзгор ба дунё омадааст. Соли 1995 ба мактаби миёнаи №10  ноҳияи Исмоили Сомонӣ рафта онро соли 2006 бо баҳои аъло хатм намуд. Баъд аз хамти мактаб худи ҳамон сол ба Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Қандил Ҷӯраев (ҳозира Садриддин Айнӣ) ба факултаи иқтисодиёт ва идоракунии маориф ихтисоси менеҷмент, шӯъбаи рӯзона дохил шуда, донишгоҳи мазкурро соли 2011 бо дипломи аъло хатм кард.

Баъд аз хатми донишгоҳ ба ҳайси ассистенти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ фаъолияти меҳнатиро оғоз намуд. Аз моҳи сентябри соли 2009 то моҳи феврали соли 2010 ба ҳайси лабаранти кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор кардааст. Аз соли 2010 то  соли 2014 ба сифати  методисти шӯъбаи ғоибонаи факултети  иқтисодиёт ва идоракунии маорифи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ ифои вазифа намудааст. Дар асоси озмун ба вазифаи муаллими калони кафедра соли 2017 интихоб шудааст. Соли 2011 бо ифтихорномаи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ барои корҳои фаъолона дар таълиму тарбияи ҷавонон ва корҳои ҷамъиятӣ сарфароз гардидааст. Аз моҳи феврали соли 2017 то моҳи сентябри  соли 2023 ба ҳайси мудири кафедраи иқтисодиёт ва идоракунӣ  факултети иқтисодиёт ва идоракунии маорифи  Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ кор ва фаъолият намудааст. Соли 2012  ба шӯъбаи ғоибонаи аспирантураи назди Донишгоҳи давлатии омӯзгории  Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ дохил шуда, соли 2016 онро хатм кард. Санаи 15-уми сентиябри  соли 2018 рисолаи номзадиашро дар мавзӯи «Асосҳои ташкилию иқтисодии хизматрасонии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи касбӣ дар шароити иқтисоди бозорӣ» дар шӯрои диссертатсионии назди Донишгоҳи  тиҶорати Тоҷикистон таҳти роҳбарии доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Абдуғаффор Рауфӣ дифоъ намудааст.  Барои меҳнатҳои шоҳиста дар соҳаи омӯзгорӣ соли 2019 бо унвони аълочии маориф сарфароз гардонида шудааст. Ғафорзода Ҷонона Ғафор  соли 2018  унвони илмии дотсент аз рӯи ихтисоси иқтисодиёт сарфароз гардонида шудааст. Ғафорзода Ҷонона Ғафор  муаллифи  1 китоби дарсӣ, 4 дастури таълимӣ, 3 монография ва зиёда аз 110 мақолаҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебошад. Ғафорзода Ҷонона Ғафор 1-уми марти соли 2020 Вакили Маҷлиси Вакилони  Халқи ноҳияи Исмоили Сомонӣ интихоб шудааст. Ғафорзода Ҷонона Ғафор санаи 28.08.2020 бо мукофоти давлатӣ- ҷоизаи ба номи Исмоили Сомонӣ барои олимони ҷавон дар соҳаи илм ва техника сарфароз гардонида шуд.

Ғафорзода Ҷонона Ғафор   санаи 31.08.2021 н.и.и., дотсент Ғафорзода Ҷонона Ғафор бо дипломи “Вакили беҳтарин” дар Фестивал озмун бахшида ба эълон гардидани шаҳри Душанбе “Пойтахти фарҳангии Иттиҳоди давлатҳои мустақил” ва бо мақсади пойдорию боло бурдани нуфузи Ҳизби Халқи Демократи Тоҷикистон миёни кумитаву ташкилотҳои ибтидоии ҳизбӣ сарфароз гардонида шуд. Санаи 25.12.2021  бо дипломи дараҷаи 3 барои ғолиб омадан дар даври шаҳрии Фестивал-озмуни ҳизбӣ дар номинатсияи “Вакили беҳтарин” дар соли 2021 бахшида ба 30-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 27-умин солгарди таъсиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуд.

Ғафорзода Ҷонона Ғафор н.и.и., дотсент санаи 20.12.2021 бо Ифтихорномаи Иттифоқи касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шуданд.

Ғафорзода Ҷонона Ғафор     соли 2022 аз ҷониби Академияи илмҳои табиатшиносии Федератсияи Россия ба унвони илмии профессор сарфароз гардонида шуд.

Ғафорзода Ҷонона Ғафор     соли 2022  вобаста ба ҳамкориҳои байналмилалии  Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Қазоқистон, ки аз ҷониби ассотсиатсияи “Ҳаракати умумихалқии Бобек” ҷиҳати нашри мақолаҳо беҳтарин дар силсилаи маҷмаи кормандони илми – педагогии кишварҳои ИДМ “Омӯзгорони беҳтарин 2022” н.и.и., дотсент  Ғафорзода Ҷ.Ғ бо дипломи дараҷаи 1-ум, нишони сарисинагӣ ва шаҳодатнома сарфароз гардонида шудааст.

Ғафорзода Ҷонона Ғафор санаи 21.08.2023сол таҳти № 618 бо медали Хизмати шоиста сарфароз гардонида шудааст.

Ғафорзода Ҷонона Ғафор  ба сифати декани факултети иқтисод ва идораи ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ аз  26.08.2023 фаъолияташро шурӯъ намуд.

 

 


Бахтиёр Ойматов,

Муовини декан оид ба таълим
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент

Email: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 918786364






Гулмадзода Мавзуна Қурбонали

муовини декан оид ба тарбия


 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj