• Tajik
  • Russian
  • English

Кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ

Кафедрахо 54
There are no translations available.

Кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ

Mудири кафедрад.и.х., профессор

СОЛИЕВ Лутфулло

 

Кафедра соли таҳсили 1956-1957 дар назди факултети табиатшиносию география таъсис ёфтааст. Дар ибтидо кафедра «Химияи умумӣ» ном дошт. Аввалин мудири кафедра н. и. х., дотсент Раҷабов Л. Ш. буда, ҳайати онро ду нафар дотсент, ду нафар муаллими калон ва ду нафар ассистент ташкил медод.
Дар даврҳои гуногун ба кафедра: дотсентон Раҷабов Л. Ш., Мансуров М. У., Сулаймонов А. С., Юсупов М. Ю., Fаниев Х. В., Усмонов И. У., муал. калон Раҳмонов А. Р., номзади илмҳои техникӣ Камолов F. К., дотсент Ахмедов Г. А., дотсент Маҳмадмуродов А., номзади илмҳои химия Тошов А. Ф., профессор Солиев Л. роҳбарӣ намудаанд.
Соли 1970 кафедраи «Химияи умумӣ» ба ду кафедраи мустақил: «Химияи умумӣ» ва «Химияи органикӣ ва биологӣ» тақсим шуд. Соли 1989 кафедраи «Методикаи таълими химия» аз ҳайати кафедра ҷудо шуд. Соли 1990 кафедра номи кафедраи «Химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ»- ро гирифт. Ҳоло дар кафедра 10 нафар омӯзгорони штатӣ, фаъолият доранд, ки дар байни онҳо як нафар д.и.х. профессор (Солиев Л.) ва 7 нафар н.и.х., аз он ҷумла дотсентон ҳастанд. Кафедра барои баланд бардоштани самаранокии таълим ҳар сол аз пажӯҳишгоҳи химияи АИ ҶТ мутахассисони варзидаро барои хондани лексия ва гузарондани машғулиятҳои амалӣ даъват менамояд.
Дар кафедра тайёр намудани мутахассисони ҷавон аз рӯи се равия: химияи ғайриорганакӣ, химияи таҳлилӣ ва химияи физикию коллоидӣ амалӣ гардонида мешавад. Дар назди кафедра чор лабораторияи таълимӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён дониши назариявӣ ва амалии хешро такмил ва сайқал медиҳанд.
Дар назди кафедра лабораторияи илмӣ-тадқиқотии проблемавӣ оиди бунёди усулҳои нави омӯзиши системаҳои бисёркомпонента ва дар ҳамин асос такмил додани технологияи коркарди ашёи минералии табиӣ ва партовҳои саноатӣ фаъолият дорад, ки дар он унвонҷӯён ва аспирантон тадқиқотҳои илмӣ мебаранд. Аз он ҷумла хатмкардагони факулта Тошов А.Ф., Авлоев Ҳ.Х., Авлоев Ш.Ҳ., Низомов И.М., Турсунбадалов Ш., Мусоҷонова Ҷ.М. дар ин лаборатория тадқиқотҳои худро ба анҷом расонида соҳиби дараҷаи номзади илмҳои шудаанд.
Зиёда аз даҳ нафар устодони кафедра дар давраҳои гуногун рисолаҳои номзадӣ ва докторӣ ҳимоя намудаанд. Ҳоло дар кафедра се нафар аспирант ва ду нафар магистр таҳсил доранд. Омӯзгорони кафедра дар тӯли фаъолияти хеш 3 монография (Солиев Л.), ду китоби дарсӣ барои хонандагони мактаби миёна (Солиев Л.), 2 китоби дарсӣ барои донишҷӯён (Солиев Л.), зиёда аз 30 дастур ва 10 барномаҳои таълимӣ барои мактабҳои олӣ ва миёна, 15 ихтироот ва зиёда аз 1000 мақолаҳои илмию методӣ навишта, чоп кардаанд.
Кафедра бо як қатор муассисаҳои илмӣ ва таълимии ҷумҳурӣ ва хориҷи он, ба мисли Пажӯҳишгоҳи химияи умумӣ ва ғайриорганикии Академияи Миллии Украина, Пажӯҳишгоҳи химияи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, факултети химияи Донишгоҳи давлатии миллии Тоҷикистон ҳамкорӣ дорад. Ҳоло роҳбарии кафедраро Арбоби илм ва техникаи Тоҷикистон, доктори илми химия, профессор Солиев Лутфулло ба ӯҳда доранд

 
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj