• Таджикский
  • Руский
  • Английский

Кафедраи технология ва экологияи химиявӣ

Кафедрахо 54
There are no translations available.







Усмонов Муҳаммадсалим Бозорович
мудири кафедраи технология ва экологияи химиявӣ
номзади илмҳои химия, дотсент.
E – mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Телефон: 918-88-78-12

 

 

Кафедраи Технология ва экологияи химиявӣ

Бо назардошти таъмини шӯъбаи химия ва экологияи факултаи химия ба кафедраи тахассусӣ дар назди факултети химия бо фармони ректори Донишгоҳ таҳти рақами № 22 ОД аз сентябри соли 2002 кафедраи технология ва экологияи химиявӣ дар заминаи кафедраи химияи органикӣ ва биологӣ таъсис дода шуд.

Дар кафедра аз фанҳои зерин: технологияи химиявӣ ва биотехнология, синтези ғайриузвӣ, химияи муҳити зист, усулҳои таҳлили физико-химиявӣ ва мониторинги муҳити атроф,  асосҳои экология, экологияи истеҳсолот ва нақлиёт, экологияи шаҳр, экологияи радиатсионӣ, экологияи кишоварзӣ, экологияи шаҳр, асосҳои экотаксикология, муҳофизати меҳнат ва техникаи корҳои лабораторӣ,   таҷрибаҳои таълимии истеҳсолӣ аз технологияи химиявӣ ва экология,  ва ғайра таълим медиҳанд.

Дар рушду нумӯи кафедра устодони зиндаёд номзади илми химия, дотсент Алиев Ҷ.И., номзади илми биология, дотсент Шарипов И.Н., номзади илми биология, дотсент Тошев А.С., саҳми арзанда гузоштаанд.

Дар айни замон ҳайати зерини омӯзгорону кормандон дар кафедра номзади илми химия, дотсент Қурбонова Ҳ., номзади илми химия, дотсент Усмонов М.Б., номзади илмҳои техникӣ, и.в. дотсент Холов Х.И. муаллими калон Умаралии С.,  ассистентон Мухторов П., Муҳиддинов Ш. ва лаборанти калон Урозова С.  кору фаъолият менамоянд.

Дар кафедра барои баланд бардоштани самаранокии  таълим ва такмили донишҳои назариявӣ, амалӣ гузаронидани таҷрибаҳои таълимии истеҳсолӣ дар корхонаҳои гуногун ба роҳ мондааст, Ғайр аз ин ҳар сол аз Пажӯҳишгоҳи кимиёи АМИТ ва аз дигар факултаҳои донишгоҳ мутахассисони варзидаи соҳаҳои гуногуни  химия ва экологияро барои хондани лексияҳою гузаронидани машғулиятҳои амалӣ даъват менамояд. Дар кафедра тайёр намудани мутахассисони ҷавон аз рӯи ду равия: химия ва экология амал мекунад. Мувофиқи ин дар назди  кафедра ду лабораторияи таълимӣ: 1) технологияи химиявӣ 2)  экологияи химиявӣ мавҷуд аст, ки донишҷӯён бо ёрии омӯзгорону лаборантон дар онҳо донишҳои назаравияшонро такмил ва сайқал медиҳанд. Кафедра дар баробари ташкили раванди таълиму тарбия бо корҳои тадқиқотии илмӣ ва илмӣ – методӣ, машғул мебошад, ки дар он омӯзгорон, аспирантон ва донишҷӯён саҳм мегузоранд.

Устодони кафедра дар омода ва тайёр намудани мутахассисони  соҳа саҳми арзанда доранд. Дар давраи фаъолияти кафедра омӯзгорон Қурбонова Ҳ., Усмонов М.Б. ва Холов Х. рисолаҳои номзадии худро ҳимоя намуданд. Ҳоло дар кафедра 2 нафар унвонҷӯ ва 2 нафар докторант PhD фаъолият доранд, ки дар кутоҳтарин вақт рисолаҳои илмии худро ҳимоя хоҳанд кард.

Устодони кафедра оид ба мавзӯҳои гуногун тадқиқотҳои илмӣ   мебаранд. Аъзоёни кафедра таи солҳои фаъолияти хеш чандин барномаҳои гуногуни самти химия, биология ва экология,  китобҳои дарсӣ, дастурҳои таълимӣ  ва  монографияҳоро  омодаву чоп намудаанд. Ба ғайр аз ин аъзоёни кафедра дар тӯли фаъолияти хеш  зиёда аз 200 мақолаҳои илмию методӣ дар ҷумҳурӣ ва хориҷи кишвар навишта, чоп намудаанд.

Дар назди кафедра маҳфили “Экологони ҷавон” амал менамояд, ки дар он устодони кафедра ба аъзоёни он дарс мегӯянд. Дар маҳфили мазкур асосан донишҷӯёни ихтисоси химия – экология ширкат меварзанд.

Аз аввали таъсисёбии кафедра (аз соли 2002) сарварии онро номзади илмҳои химия, дотсент Алиев Ҷ. ба ӯҳда гирифта буд. Баъдан роҳбарии кафедраро  номзади илмҳои биологӣ, дотсент Шарипов И.Н., номзади илмҳои химия, дотсент Тошев А.С., номзади илмҳои химия, дотсент Усмонов М.Б., номзади илмҳои химия, дотсент Қурбонова Ҳ. ва номзади илмҳои химия, дотсент Муродов Д ба ӯҳда дошт.  Ҳоло роҳбарии кафедраро номзади илмҳои химия, дотсент Усмонов М.Б. ба ӯҳда дорад.

 

 






Курбонова Ҳанифа
номзади илмҳои химия, дотсент.
Телефон: 919-36-15-29











Холов Холмаҳмад Исроилович
номзади илмҳои техникӣ, дотсент
E – mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 90-999-64-63












Умаралии Сафаралӣ
муаллими калон
E–mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 917-86-12-26








Мухторов Парвиз Алимаҳмадович
ассистент
E–mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 985-50-85-35











Урозова Саймо Алимаҳмадовна
лаборанти калон
E–mail:  Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript
Тел: 93-446-68-46

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj