• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ

забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ

Кафедрахо 54



Мирганова Нигина Рауфовна
мудири  кафедраи  забони  муосири  рус  ва  забоншиносии  умумӣ
номзади илмхои педагоги, досент
Тел: 900525232
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript




Кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ

Кафедраи забони муосири рус ва забоншиносии умумӣ сараввал дар сохтори шӯъбаи адабиёт ва забоншиносии тоҷики факултети таърих фаъолият карда, солҳои таҳсили 1936-1937 ба кафедраҳои алоҳидаи тоҷикӣ ва русӣ табдил дода шудаанд. Дар соли хониши 1937-1938 дар сохтори факултети адабиёт шӯъбаи забон ва адабиёти рус ташкил карда мешавад ва сарварии онро  профессор Акбаров В.И. ба ӯҳда дошт.  Солҳои 60-ум шӯъбаи забон ва адабиёти рус ба факултети алоҳида табдил дода мешавад ва дар он кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти рус таъсис дода шуд. Ба кафедраи тоза бунёд дотсент Каракулаков В.В., баъдтар дотсент Успенская Л.В. роҳбарӣ мекарданд. Дар он аз кусрҳои махсуси филологӣ ва забони русӣ аз тамоми факултетҳои донишкадаи омӯзгории пойтахт ҳамаи русидонҳо ҳамчун методистҳои забон ва адабиёти рус   гирдовардашуда буданд.

Соли 1972 боз як кафедраи нави байни факултетӣ ташкил шуд, ки сарварии онро дотсент КостриковаМ.В.ба ӯҳда дошт. Дар факултети забон ва адабиёти рус кафедраи методикаи таълими забони русӣ таъсис додашуд ва баъдан боз номи пештараи худ–кафедраи забони русӣ ва забоншиносии умумиро гирифт. Баъдан роҳбарии онро профессор Успенская Л.В. баӯҳда дошт. Аъзоёни кафедраи номбурда ба таълими фанҳои махсус, фонетика, морфология, лексикология, синтаксис дар тамоми факултетҳо–факултети забон ва адабиёти рус, забони хориҷӣ, филологияи тоҷик оғоз намуданд. Ташкилёбии кафедраҳои навҳайати муаллимони кафедраи забони русро якдараҷа дигаргун кард.

Соли 1996 дар заминаи факултети забон ва адабиёти руси Донишгоҳи омӯзгории Россия–Тоҷикистон (Славянӣ) таъсис дода шуд.

Пас аз он кафедра аз нав ташкил карда шуд. Моҳи сентябри соли 2005 роҳбарии кафедра ба зиммаи номзади илмҳои филологӣ ҒозиеваМ.И. гузошта шуд.  Бо роҳбарии ӯ нақшаҳои таълимиву корӣ ва дастурамалҳои фаннии шӯъба мураттаб карда шуданд.

Кафедра китоби “Практический курс русского языка”-ро аз чоп бароварда, китоби дуюми “Практический курс русского языка в внеязыковых факультетах” барои нашр омода карда истодааст.

Муаллимони кафедра мунтазам мақолаҳои худро дар саҳифаҳои маҷаллаҳои илмиву методии кишвар батабъ расонида, бо маърӯзаҳо дар анҷуманҳои байналхалқӣ ва ҷумҳуриявӣ баромад мекунанд. Дар кафедра маҳфилҳои “Русскоеслово”ва“Русский язык» барои донишҷуён амал мекунанд.

Аз сентябри соли 2016 то ҳол номзади илмҳои педагогика, дотсент Мирганова Нигина Рауфовна мудири кафедраи зубони муосири рус ва забоншиносии умумӣ мебошад. Айни замон дар кафедра 5 нафар омӯзгорони пуртаҷриба фаъолият карда истодаанд. Аз ҷумла 4 нафар номзади илм, дотсент, 1 нафар муаллими калон кор мекунанд.

Кафедраи мазкур ҳамасола донишҷуёни баландихтисосро омода месозад.

Омӯзгорон


Газиева Мавлюда Исломовна
Дотсенти кафедра
Тел:203610101
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Бобоева Гулнора Исломовна
Дотсенти кафедра
Тел:918658502
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Мадиева Мухаббат Камоловна
Ассистенти кафедра
Тел:988218153
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

Холназарова Нигора Нуруллоевна
и.в.дотсенти кафедра
Тел:905063003
E-mail: Этот e-mail адрес защищен от спам-ботов, для его просмотра у Вас должен быть включен Javascript

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj