|
Хабарҳо -
Тарбия
|
|
There are no translations available.
Терроризм ҳамчун ҳодисаи иҷтимоӣ таърихи қадима дорад. Решаҳои он аз ибтидои таърихи ташаккули инсоният маншаъ мегиранд. Аввалин бор оид ба терроризм дар асри I то мелод аз амалиёти террористии гурӯҳи сиёсии яҳудиён – «зелотҳо» ёдовар мешаванд. Террор - истилоҳи лотинӣ буда, калимаҳои ваҳмангези тарсу ҳарос, даҳшат, куштор ва воҳимаро ифода менамояд. Маънои васеъи истилоҳи «террор» - зӯроварии ҷисмонӣ то ба дараҷаи ҷисман маҳв сохтани ҳарифону душманони сиёсии худ мебошад. Террорист дар навбати худ тарафдор, иштирокчӣ ва иҷрокунандаи амалиёти террористӣ мебошад.
Ба қавли худи тарафдорони ҷараёни ифротӣ «терроризм» ин яроқи шахсони заиф мебошад, яъне яроқи онҳоест, ки ба мақсадҳои худ ба таври қонунӣ расида наметавонанд. Аъзои гурӯҳҳои террористӣ аз ҷиҳати баромад ба табақаҳои гуногуни ҷамъият мансуб буда, ҷиҳати мафкуравии ноустувор ва сатҳи пасти дониш доранд. Инчунин сабабу омилҳое ҳастанд, ки барои иҷрои амалиётҳои террористӣ ба онҳо мусоидат менамоянд. Тадқиқотҳои муқоисавии равонии террористӣ нишон медиҳад, ки мафҳуми ягонаи «террористӣ» вуҷуд надорад ва террористро ҳамчун шахси бартаридошта маънидод намудан нодуруст аст. Чунки дар байни онҳо «ормондорон», «нобоварон», «қасосгирон», «қотилон», «тақлидкорон» (аз байни ҷавонон) ва дигар шахсони ба гурӯҳҳои террористӣ ҷалбшудае мебошанд, ки онҳоро барои амалиётҳои террористӣ махсус омода месозанд. Хислатҳои хоси ҷинояткорӣ ба амалиёти террористӣ даст дошта, ин бераҳмӣ, моҷароҷӯӣ, бо ҳар тарзу услуб аз худ дарак додан, муддати кӯтоҳ бошад ҳам, аз болои дигарон ҳукмрон будан мебошад. Халабони урдуниро зинда даруни панҷара оташ задани ҷинояткорони бераҳм гувоҳи ин гуфтаҳост. Аз ин бармеояд, ки террорист доим дар ҳолати омодабоши муҳофизат аз худ ва ба ҳиссиёти дигарон бе фарқ будан аст. Тадқиқоти вазъи иҷтимоии террористон нишон медиҳад, ки 25%-и онҳо то синни 14-солагӣ волидайнро аз даст додаанд. Сеякашон бошад, ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шуда, қисми зиёди онҳо аз ҷодаи таҳсил, фаъолияти меҳнатӣ ё ҳаёти шахсӣ ноком гаштаанд. Барои ҷавонон, ки қисмати асосии аъзои гурӯҳи террористиро ташкил медиҳанд, фаъолияти террористӣ масъулияти ҷалбкунанда ва боварӣ ба худ, ҳисси шахси лозима будан ва аз болои бегонагиву танҳоӣ ғолиб омадан мебошад. Ҳамин тариқ, буҳрони даруна ба ҳаммаслаке, ки мисли ӯ аз ҷамъият зарар дидаю норозист, ба нафрат мубаддал гашта, ба самти муқобил равона мешавад. Чунин ашхос аз ҳаёт норозӣ буда, ба қадру қимати хеш намерасанд ва аз ҷиҳати иҷтимоӣ инкишоф наёфтаанд. Барои ҳамин ҳам яке аз хислатҳои умумии террористон ниёз ба гурӯҳҳо доштан мебошад. Яке аз ҷойҳои намоёнро дар фаъолияти террористӣ ин манфиатҳои тамаъкоронаи молии онҳо ишғол менамояд, ки бо ҳадафҳои сиёсӣ рӯйпӯш мешаванд. Ҳадафҳои асосии амалиётҳои террористӣ ҳамеша дар вақташ ошкор намешаванд, чунки сарчашмаҳои ахборотдиҳӣ моҳияти чунин ҳаракатҳои ҷиноятиро пинҳон медоранд. Аъзои одии гурӯҳҳои ҷиноӣ зери таъсири роҳбар ва идеологҳои боқувват то охир сабабҳои ташкили гурӯҳҳои террористӣ ва экстремистӣ, манбаи даромад, мақсадҳои ниҳоии фаъолияти онҳоро дарк карда наметавонанд. Чӣ хеле ки мебинем, на мазмуну мундариҷа, на ҳадафу иқдомҳо ва на ҳайати иштирокчиён ва роҳбарону муассисони ҳаракатҳои ифротгаро ҳеҷ гоҳ ва дар ҳеҷ давру замон ҷавобгӯи манфиатҳои ҷомеаи инсонӣ набуданд ва нахоҳад монд. Аз гуфтаҳои боло бармеояд, ки террорист нафарест, ки на ватан ва на миллат дорад. Тавре ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар баромадҳои хеш нисбати онҳо таъкид менамояд. |
|
|
Хабарҳо -
Тарбия
|
|
There are no translations available.
Терроризму экстремизм аз бузургтарин хатарҳое маҳсуб меёбанд, ки ҳоло барои аҳли башар ба хатари рақами як мубаддал гардидаанд. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.Бо дарназардошти оқибатҳои даҳшатбори ин фаъолиятҳо Пешвои муаззами миллати мо қариб дар ҳама суханрониҳояшон муҳиммияти муборизаи муштаракро бо ин падидаи номатлуби қарни ХХІ таъкид менамоянд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле гардидааст, ки ба муқобили он якҷоя мубориза бурда, ба ҳамдигар кӯмак расонда, тадбирҳои худро мувофиқ сохтан зарур аст”. Шароит имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии динӣ ва терроризмро чун масъалаи хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хӯрдааст. Лозим аст, ки ба шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештаре намоем. Гурӯҳҳои тундгаро бо истифода аз дин, махсусан дини мубини ислом, ки таълимоташ аслан чунин кирдорро маҳкум намудаву бар муқобили ҳама гуна зулму истибдод аст, таблиғоти густардаи худро ба роҳ монда, дар ниқоби дин ғояҳо ва ҳадафҳои манфиатҷӯёнаи худро пиёда месозанд. Масалан, ҳоло гурӯҳи “Давлати исломӣ”, ки баъзе аз вилоятҳои нафтхези кишварҳои Сурия ва Ироқро ишғол намудааст, захираҳои нафтии ин кишварҳоро, ки сарвати миллии мардуми Сурия ва Ироқ мебошад, бо нархи ночиз ба бозори сиёҳ бароварда мефурӯшад. Агар ҳоло нархи як баррели нафт дар бозори расмӣ ҳудудан 45-50 доллари ИМА бошад, гурӯҳи “Давлати исломӣ” нафти Ироқро ҳоло бебаркаш бо нархи 20-25 долларӣ ба фурӯш гузоштааст. Аз ин ҳисоб ширкатҳо ва давлатҳои алоҳида миллиардҳо доллар фоида ба даст меоранд. Таври маълум ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Мақсади ин қудратҳо маҳз ишғол кардани ҳудуди кишварҳои мусулмонӣ, ба даст гирифтани ҳокимияти сиёсӣ дар онҳо ва ниҳоят ба даст гирифтани сарватҳои табиии онҳост. Қайд кардан зарур аст, ки сулҳу субот ва оромиву осоиштагии кишварамон дастоварди бузурги истиқлолият буда, неъмати гарону ноёфтанӣ ва аз ҳама дороиву сарватҳои дунё болотар аст, ки миллату давлати маҳбубамонро шуҳратёр гардонидааст. Хушбахтем, аз он, ки дар Тоҷикистони озоди хеш бофароғат умр ба сар мебарем.
Хулоса, терроризму ифротгароиро бояд ҳамаи кишварҳои сайёра ҳамчун бӯҳрони идеологии ҷаҳонӣ шиносанд ва тадбирҳои заруриро дар самти мубориза бо он ба роҳ монанд.
Самӣ Орифов-аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Сомониён”
|
|
Хабарҳо -
Тарбия
|
|
There are no translations available.
Чуноне ки ҳамагон огаҳӣ доранд, чанд рўз қабл бавоситаи ахбори омма Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди аз вазифаҳои ишѓолкардаашон озод шудани чанде аз сардорони вазорату идораҳо эълон гардид ва дар қатори эшон сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-Изатулло Шарипов низ буд. Чи тавре ки аз қироати Қарор маълум аст, Изатулло Шариповро бинобар сабаби ба нафақа баромаданаш Ҳукумати мамлакат аз вазифа озод намудааст.
Аммо сару садоҳо доир ба ин Қарори Ҳукумати кишвар дар расонаҳои хабарии шабакаҳои интернетӣ зиёданд. Баъзеҳо ба он ақидаанд, ки Изатулло Шарипов дар фирор намудани зиндониён аз маҳбасхонаи №3-и шаҳри Хуҷанд даст дорад ва ў пешакӣ бо роҳбари ин зиндон- Сафаров Файзуллоҷон ин нақшаро тарҳрезӣ намуда бошанд. Ба ҳар ҳол, агар ин ягон ҳолати воқеӣ дошта бошад, тафтишот ва крмандони ҳифзи ҳуқуқи мамлакат бояд ошкор намоянд.
Вале як нукта моро дар ҳайрат иегузорад, ки гўё Изатулло Шарипов бея гон номнависии пешакӣ ба ҳузури Ҷаноби Олӣ, президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ворид мешудааст. Ин суханон ягон асоси воқеӣ надоранд. Чунки Ҷаноби Олӣ шабу рўз дар андешаи ободиву хуррамгардонии мамлакат, қабулу гусели меҳмонон, сафарҳои корӣ ва ҳаллу фасли камбудиву норасоиҳои кишваранду баҳудаю беҳуда вақти хешро намегузаронанд.
Ҳамчунин навиштаанд, ки Изатулло Шарипов ба духтарони Ҷаноби Олӣ- Озода ва Тахмина кўмакҳо мерасонидааст. Худ қазоват кунед, ки духтарони Ҷаноби Олӣ соҳиби ҷойи кор ва маошанд, зиндагии тинҷу ободу ором доранд ва ба чизе ниёз надоранд, чи тавр муҳтоҷи кўмаки шахси дигаранд? Ҳамагон шоҳиди ҳолем, на танҳо Ҷаноби Олӣ, балки фарзандонашон низ то метавонанд ба дигарон кўмак менамоянд, дасти ятиме,корафтодаеро мегиранд, то диле ба даст оранд. Магар навиштани чунин суханон паст задани шаъну шарафи як оилаи бонуфузи кишвар нест? Пеш аз он ки чизе нависем, аввал бояд андеша кунем, ки чӣ менависем. |
|
|
Хабарҳо -
Тарбия
|
|
There are no translations available.
Инсоният дар таърихи тӯлонии хеш вобаста ба вазъу ҳолатҳои гуногун ва печида ба ҳадафҳояш рамзҳои зиёдеро эҷод намудааст. Парчам низ чун рамз таърихи хеле қадима дорад. Имрӯз ҳеҷ як давлатро бе парчам тасаввур карда наметавонем.
Фирдавсии бузург дар «Шоҳнома»-и худ таърихи пайдоиши парчамро чунин шарҳ додааст. Заҳҳок барои морони сари китфаш ҷавонони зиёдеро қурбон мекунад. Ҳамроҳи ин ҷавонон 17 писари Коваи оҳангар ҳам туъмаи морони Заҳҳок мегарданд. Коваи оҳангар барои қассос гирифтан аз Заҳҳоки хунхор мешӯрад ва пешдомани чармини хешро бар сари найза кашида, халқро ба шӯриш даъват мекунад ва ба пирӯзӣ мерасад. Баъди ғалабаи Коваи оҳангар шоҳ Фаридун ба сари тахт меояд ва ӯ пешдомани Коваи оҳангарро «Ковиёни дурафш» (дурафши ковиёнӣ) мехонаду бо зару зевар меорояд ва муқаддас медонад. Дурафш, шакли дигараш дирафш ҳаммаънои парчам аст. Дурафши ковиёнӣ солҳои сол мояи ифтихору ғурур ва пешбари пирӯзиҳои ворисони Фаридун будааст ва ниҳоят, арабҳо истилогаронро ҳангоми ҳамла ба Эронзамин ба яғмо бурдаанд. Минбаъд ҳар шахсе, ки ба сари қудрат меомаду кӯлоҳи сарварӣ ба сар мениҳод, парчамро азиз медошт ва баланд меафрохт. Ба тадриҷ шоҳон дирафши ковиёниро боз ҳам оростатару мунаққаш карданд, то ба ҷое, ки дар шаби тор мисли офтоб медурахшид ва ба мардум фараҳу умед ҳадя мекард. Ҳамин тавр, парчам дар саросари ҷаҳон рамзи маъруф гардид.
Дар ибтидо парчам бештар чун рамзи нерую тавоноӣ, лашкаркашию кишваркушоӣ пазируфта шудааст. Таърихи инсоният собит намудааст, ки дар вақти ҷангҳо ҳар лашкар парчами афрохтаи худро доштааст. Барои дар сафи пеши лашкар устувор доштани парчам сипоҳии далеру неруманде интихоб карда мешуд, ки ӯро аламдор, яъне парчамдор меномиданд. Дар сарчашмаҳои таърихӣ шаш вожаи парчам маъруфанд: Дирафш ё дурафш, алам, ливо, байрақ, парчам, роят. Вожаи қадимтарини тоҷикӣ асл вожаи дирафш ва парчам аст. Вожаи алам истилоҳи арабӣ аст. Байрақ бошад, истилоҳи туркӣ.Баъди соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон зарурати таҳияи рамзҳои давлатӣ пеш омад. Вакилони мардумӣ бо камоли масъулият дар баробари рамзҳои дигари давлатӣ, Суруди миллӣ ва Нишони давлатӣ вожаи парчамро пазируфтанд ва «Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро қабул намуданд.
Ҳамин тавр, Ҷумҳурии Тоҷикистон соҳиби аввалин рамзи давлатӣ ва соҳибистиқлолии худ Парчами давлатӣ гардид. 12 майи соли 2007 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба зери Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рамзҳои давлатии ҶТ» имзо гузошт. Инчунин бо пешниҳоди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 24 ноябр рӯзи Парчами давлатӣ эълон гардид ва ин рӯз ҳамасола бо шукуҳу тантана хоса қайд карда мешавад.
Маҳбуба Ғаффорова-узви фаъоли ҲХДТдар ноҳияи Сино
|
|
Хабарҳо -
Тарбия
|
|
There are no translations available.
Моҳи ноябри соли ҷорӣ як теъдоди зиёди зиндониёни №3-и шаҳри Хуҷанд бо маслиҳати пешакӣ аз зиндон фирор намуда буданд. Оиди ин қазия дар расонаҳои хабарии шабакаҳои интернетӣ маводҳои зиёде нашр гардидаанд.
Чуноне ки дар яке аз маводҳои нашршуда иттилоъ дода мешавад, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сироҷиддин Муҳиддин дар яке аз нишастҳои матбуотӣ дар ин бора посухҳо додааст. Ба иттилои Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аксарияти фирориёни зиндон пайравону эътиқодмандони Давлатии Исломӣ- террористону иштирокчиёни ҷангҳои Сурияву Ироқ ва қисми камашон паҳнкунандагони маводи мухаддир мебошанд.
Сараввал мақомоти қудратии кишвар хостанд бо роҳи гуфтушунид ин қазияро ҳаллу фасл намоянд, вале натиҷае ҳосил нашуд. Пасон маҷбур шуданд, ки аз яроқ истифода баранд. Дигар чӣ кор ҳам мекарданд? Гунаҳгор гунаҳгор аст ва ў барои содир намудани бисёр корҳои ношоиста қодир аст. Мақомот барои пешгирӣ намудани дигар амалҳои барои ҷомеа ва шаҳрвандонаш хавфнок аз силоҳ истифода намуд, ки фикр мекунем сад дар сад дуруст аст.
Аввалаш ин ки, ҷинояткор худ дар назди Давлату миллат гунаҳгор асту бояд ҷуброни гуноҳ намояд. Дигар ин ки, агар ў нафари хатарноку зараровар намебуд, зиндонӣ намешуд. Сеюм ин ки, ин нафарон гуноҳ бар замми гуноҳ намудаву ислоҳнашаванда будани худро собит гардонидаанд. Чаҳорум ин ки, баъди фирор кардан ба дархосту хоҳиши кормандони ҳифзи ҳуқуқ итоат нанамуда, мехостанд ба дигар корҳои ҷиноии вазнин даст зананд, шояд нафарони зиёдеро зери фишору таъқиб ва ҳатто бикушанд. Маҳз ба ҳамин хотир мақомоти қудратии мамлакат аз силоҳи оташфишон истифода намуданд.
Дар хусуси теъдодои фирориёну кушташудагон низ фарзияҳои гуногун рўйи чоп оварда шудаанд, аммо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон- Сироҷиддин Муҳиддин иттилоъ додааст, ки теъдоди ошўбгарони кушташуда 21 нафарро ташкил медиҳанд. |
|
|
|
|
|
|
Страница 54 из 85 |