Хабарҳо |
There are no translations available. ЁДДОШТИ ТАФОҲУМ МИЁНИ 2 МУАССИСАИ ОМӮЗГОРИИ ТОҶИКИСТОНУ ӮЗБЕКИСТОН ИМЗО ШУД Имрӯз 12 – уми марти соли 2024 миёни Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Донишкадаи давлатии омӯзгории Термези Ҷумҳурии Ӯзбекистон ёддошти тафоҳум ба имзо расид.
Санади муҳими ҳамкорӣ аз тарафи Ибодуллозода Аҳлиддин Ибодулло, ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ва Ҳасанов Азизбек Бахтиярович, ректори Донишкадаи давлатии омӯзгории Термез ба таври маҷозӣ ба имзо расонида шуд.
![]() Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 111 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бунуфузи дунё тавсеа бахшад.
|