• Таджикский
  • Руский
  • Английский
There are no translations available.

 

Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!

280.JPG - 98.69 KbДар санаи 24-уми ноябри соли 2019  бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ҳамбастагӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе  ҳамоиши ҷумҳуриявии ҷавонон таҳти унвони «Парчамат бодо парафшон Тоҷикистони азиз!» баргузор гардид. Дар ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода, Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Орумбекзода Шамсиддин, Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саид, раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам, муовини раиси шаҳри Душанбе Мавсума Муинӣ, ректорони муассисаҳои олии касбии шаҳри Душанбе ва инчунин зиёда аз 5000 нафар кормандон, омӯзгорон, донишҷӯён, волонтёрон ва шаҳрвандони кишвар иштирок намуданд. Нахуст  мушовири Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода суханронӣ намуда, тамоми сокинони кишварро ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ табрику муборакбод намуда, қайд карданд, ки мо ифтихор мекунем, ки новобаста аз номусоидии боду ҳаво барои нишон додани ҳиси баланди ватандӯстӣ  субҳи барвақт ба ин ҷо ҳозир гаштед. Аммо ин барф файзу баракат буда,  пирӯзии некӣ бар бадист. Сипас Паёми  табрикотии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон аз тарафи вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат карда шуд. Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдуллозода Аҳтам Рустам дар баромади хеш муроҷиатномаи ҷавонони кишварро ба Пешвои муаззами миллат ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ ироа кард. Бояд қайд кард, ки аз донишгоҳи мо ректори донишгоҳ муҳтарам Ғаффорӣ Нӯъмонҷон Усмонзода, муовинони ректор ва инчунин омӯзгорону донишҷӯёни донишгоҳ дар маҷмуъ зиёда аз 600 нафар иштирок намуданд. Омӯзгорону донишҷӯён новобаста аз номусоидии боду ҳаво бо дили пур аз меҳру муҳаббат нисбат ба Ватани азизашон дар даст Парчами давлатӣ  аз ин рӯзи фархунда истиқбол мегирифтанд. Шеъру сурудҳо дар васфи Пешвои миллат, Ватан ва Парчами давлатӣ поёни ин ҳамоиши ҷумҳуриявӣ буд.

 

Абдулхайр Абдураҳмонзода

 

254.JPG - 102.38 Kb 255.JPG - 92.38 Kb 256.JPG - 92.35 Kb 257.JPG - 104.63 Kb

258.JPG - 95.96 Kb 259.JPG - 93.26 Kb 260.JPG - 89.72 Kb 261.JPG - 95.61 Kb

262.JPG - 98.16 Kb 263.JPG - 97.64 Kb 264.JPG - 78.99 Kb 265.JPG - 100.36 Kb

266.JPG - 87.14 Kb 267.JPG - 83.29 Kb 268.JPG - 110.44 Kb 269.JPG - 107.77 Kb

270.JPG - 109.32 Kb 271.JPG - 103.89 Kb 272.JPG - 92.17 Kb 273.JPG - 99.80 Kb

274.JPG - 102.89 Kb 275.JPG - 99.50 Kb 278.JPG - 98.97 Kb 279.JPG - 107.62 Kb 280.JPG - 98.69 Kb276.JPG - 98.75 Kb 281.JPG - 103.43 Kb 282.JPG - 80.29 Kb 283.JPG - 90.60 Kb 277.JPG - 104.78 Kb284.JPG - 95.13 Kb 285.JPG - 61.98 Kb

286.JPG - 99.85 Kb 287.JPG - 84.16 Kb 288.JPG - 83.35 Kb 289.JPG - 116.41 Kb

290.JPG - 104.54 Kb 291.JPG - 102.12 Kb 292.JPG - 83.82 Kb 294.JPG - 122.80 Kb

 
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj