There are no translations available.
ДАСТИ ДУОИ МОДАР Санаи 6-уми март бо ташаббуси садорати факултети филологияи тоҷики ДДОТ ба номи Садриддин Айнӣ бахшида ба таҷлили Рӯзи модарон таҳти унвони “Дасти дуои модар” чорабинии фарҳангӣ доир гардид. Нахуст, декани факултет д.и.ф., профессор Восиева Рухшона ҳамаи донишҷӯдухтарон ва бонувонро табрику муборакбод намуда, ба барнома ҳусни оғоз бахшид. Сипас барномаи фарҳангии омоданамудаи донишҷӯёни факултет, ки аз қироати шеъру суруд, рақсу саҳнаҳои тарбиявӣ ва “Аллаи модар” иборат буд, бо як маҳорати баланди хоса, пешкаши тамошобинон гардид. Маврид ба ёдоварист, ки бо чунин ташаббус мудири шуъбаи кор бо ҷавонон, омӯзгори кафедраи назария ва таърихи адабиёти тоҷики ҳамин факултет Абдураҳмонов Маъдӣ дарси кушоди тарбиявиеро низ бо иштироки аҳли ин чорабинӣ баргузор намуд, ки он ҳам хеле ҷаззобу хотирмон буд.
|