Суханронӣ бо 7 забон донишҷӯи Донишгоҳи омӯзгориро пирӯзи Олимпиада дар Қазоқистон кард
Намояндагии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо, маъмурияти Донишгоҳи давлатии Қарағандаи Қазоқистон ба номи Е.А. Букетов бо ирсоли сипоснома унвонии Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Салимӣ Носирҷон Юсуфзода аз ширкати фаъолонаи донишомӯзони Донишгоҳ дар Олимпиадаи байналмилалии бисёрзабондонӣ миёни донишҷӯёни Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон изҳори қадрдонӣ кардааст.
Ин олимпиада рӯзҳои 4-6-уми майи соли равон баргузор шуд ва дар он Тоҷикистонро 10 нафар, аз ҷумла се нафар донишҷӯ аз Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ, се нафар аз Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода, се нафар аз Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев ва як нафар аз Донишгоҳи давлатии тиббии Тоҷикистон ба номи Абӯалӣ ибни Сино намояндагӣ карданд.
Тибқи барномаи қаблан тарҳрезишуда дар олимпиада доир ба 18 забон озмун баргузор шуд. Дар он на танҳо забони тоҷикӣ боз забонҳои помирӣ- рӯшонӣ, шуғнонӣ низ шомил буданд.
Ширкаткунандагон дар бахшҳои ҷудогона маҳорати худро нишон доданд. Аз ҷумла, дар бахши донандаи беҳтарини забони модарӣ, забони давлатӣ, забони хориҷӣ, забони ақалиятҳои миллӣ, эссеи беҳтарин доир ба забони давлатӣ, модарӣ ва хориҷӣ ҳунар ва истеъдоди худро намоиш доданд.
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Самандар Шералиев аз бо ҳафт забон суханронӣ кард ва соҳиби ҷоизаи «Суперполиглот» (бисёрзабондон) шуд.
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев Дидор Мародасейнов донандаи беҳтарини забони инглисӣ эътироф шуд ва ҷойи аввалро ишғол кард. Дидор Мародасейнов бо чор забон - инглисӣ, тоҷикӣ, русӣ ва шуғнӣ дар доираи мавзуъи интихобкардаи ҳайати доварон озод суханронӣ кард. Дар навиштани эссе бо забони инглисӣ низ аз миёни ҳамаи ширкаткунандагон баҳои аълоро соҳиб шуд.
Донишҷӯ Фирӯз Норов аз Донишкадаи давлатии забонҳои ба номи Сотим Улуғзода бо шаш забон суханронӣ кард ва ба ҷоизаи «Полиглот» (чандзабонӣ) мушарраф гашт. Фирӯз Норов бо забони қазоқӣ эссе навишт ва беҳтарин навиштаи озмунӣ бо ин забон эътироф гардид.
Як бахши хеле шавқовару дидании озмун намоиши суннатҳои миллӣ ва анъанаҳои фарҳангии миллӣ буд. Донишҷӯёни тоҷик бо сару либоси миллӣ, иҷрои рақси милливу сурудани таронаи миллӣ озмунгоҳро ба ваҷд оварданд.
Маврид ба ёдоварист, ки дар ин Олимпиада намояндагони 22 донишгоҳ аз Осиёи Марказӣ ва Қазоқистон иштирок карданд. |