Хабарҳо - Тарбия |
There are no translations available. Тазоҳурот- натиҷаи сиёсати муғризонаи режими охундӣ
Тавсеъаталабӣ ва таъсиргузорӣ дар корҳои дохилии Тоҷикистонро режими охундӣ ҳанӯз аз охирин мароҳили мавҷудияти Итиҳоди Шуравӣ оғоз намуда, дар марҳилаи расидан ба истиқлолият онро ба сатҳи ниҳоятан баланд ба роҳ монд. Далели ин гуфтаҳо созмон додани ташаккулаи террористӣ экестремистии наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон буд, ки тибқи тасдиқ роҳбарияти ин ташаккула ҳанӯз аз солҳои 80-уми асри 20 созмон дода шуда буд. Муссаллам аст, ки ҳеҷ ташаккула бидуни сармоягузорӣ ва дастгирии идеологӣ арзи вуҷуд карда наметавонад ва хосса дар замони Шӯравӣ, ки моликият ҳама давлатӣ буд ва сармояҳои дасти мардум ҳама зери назорат қарор дошт. Дар бомдоди Истиқлолияти Тоҷикистон режими охундӣ ташаккулаи террористии ҲНИ-ро сарпарастиву сармоягузорӣ намуданд. Барои мусаллаҳ шудани он сармоягузорӣ намуда, тибқи тасдиқи шоҳидони бевоситаи ҳаводиси он замон гуруҳҳои муайянро барои омузишҳои ҳарбиву экестремистӣ ба пойгоҳҳои низомӣ ва кишвари хеш аз таҷрибаомӯзӣ гузаронида аст. Аз тарафи дигар роҳбарони ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломӣ дар замони ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 дар Эрон панаҳ бурдаанд. Мутаасифона новобаста аз интизориҳои мардуми Тоҷикистон, режими охундӣ солҳои баъди ҷанги шаҳрвандӣ низ аз ҳадафҳои ғаразноки хеш даст набардошт. Барои интиқоли инқилоби исломӣ тавассути ташаккулаи терористии ҲНИ онҳо аз шеваҳои идеологӣ кор гирифтанд ва ба таблиғи мазҳаби шиъа машғул буданд. Инчунин дар соли 2015 тавассути генерали гумоштаи хеш ба кудатои низомӣ даст заданд ва бо ин роҳ дар корҳои дохилии Тоҷикистон дахолат намуданд. Мутассифона то имрӯз ин шеваро идома дода истодаанд. Мардуми Тоҷикистон, ки аз натиҷаи ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-97 моҳияти ин гуна инқилобҳоро бо аз даст додани ҷони 150 ҳазор бо хуну пусти хеш эҳсос намудаанд, дигар аз дахолати ин кишвар ба корҳои дохилии Тоҷикистон ба ҷон омадаанд. Мардум бо ин роҳ аз режими охундӣ талаб доранд, ки аз тавсеъаталабӣ ва дахолат дар корҳои Тоҷикистон даст бардорад. Насимҷони Ориф, коршиноси масоили сиёсӣ |