Хабарҳо - Тарбия |
Айнӣ ва худшиносии миллӣ
Устод Лоҳутӣ аҳамияти ин асарро дар муқаддимаии ба он навиштааш ба таври мӯҷаз баён карда чунин навиштааст: “Ба фикри ман, “Намунаи адабиёти тоҷик” беҳтарин намунаи сайри тараққи адабии тоҷикон аст”. Дар асар намунаи асарҳои бештар аз дусад нафар адиб зикр ёфтааст, ки аз 70-80 манбаъ ҷамъ оварда шуда, “мундариҷоташ бо усули марксизм таҳлил ёфта аст, барои ҷавононе, ки таърихи адабиёти тоҷикро бо усули марксизим хоҳанд навишт, як қисми материал тайёр карда дода шудааст.” Устод Айнӣ дуруст таъкид кардааст, ки “Намуна” барои омӯзиши адабиёти тоҷик маводи фаровоне медиҳад ва дар назди адабиётшиносон аз нуқтаи назари методологияи марксистӣ ба майдон овардани таърихи илмии адабиёти тоҷикро мегузорад. « Нахустин китоби вай ( яъне Айнӣ), ки ба дастам расид « Намунаи адабиёти тоҷик» буд… Қисмате аз ин китоб, ки шомили шарҳи ҳол ва мунтахаби осори шоирони Осиёи Миёна пас аз давраи Темурӣ буд, таваҷҷуҳи маро беш аз қисматҳои дигар ҷалб кард, зеро ки дар Эрон мо аз ин сарояндагон бехабар будем.» Бо ба майдони омадани « Намуна» ҳам устод Айнӣ ва ҳам дигар адабиётшиносон ба пажӯҳиши таърихи адабиёти тоҷик ба нерӯи тоза шурӯъ намуда, комёбиҳои нав ба нав ба даст медароварданд. Он вазифаҳое, ки устод Айнӣ дар « Намунаи адабиёти тоҷик» дар назди адабиётшиносон гузошта буд, бомуваффақият иҷро гардиданд. Баъд аз тартиб додани « Намунаи адабиёти тоҷик» устод Айнӣ ба омӯхтани ҳаёт ва эҷодиёти Абӯабдуллоҳ Рӯдакӣ, Абулқосим Фирдавсӣ, Абӯали ибни Сино, Саъдии Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ, Абдулқодири Бедил, Зайниддин Маҳмуди Восифӣ, Аҳмади Дониш ва дигар чеҳраҳои бузурги адабиёти классикии форсу тоҷик шурӯъ намуда, як идда мақола ва монографияҳои алоҳида офарид, ки аз ҷониби олимон хуш пазируфта шуда, баҳои баланд гирифтанд. « Намунаи адабиёти тоҷик» аз ҷумлаи он таснифоти Айнист, ки дарунмояи онро худшиносиву худонгоҳии миллӣ ташкил медиҳад. Чунин нигориш, ки соҳои 20- ум дар таъйини сарнавишти таърихи тоҷикон ва тақдири минбаъдаи он нақши дурахшон бозид, барои бедории андешаву худогоҳии миллӣ созгорӣ кард. Бар зидди пиндоштаҳои пантуркистон С. Айнӣ бо ин асар собит намуд, ки тоҷикон дорандаи таърихи куҳан ва фарҳангу тамаддуни ҷаҳониянд. Устод Айнӣ воқеан аз таъсиси Ҷумҳурии Шӯроии Мухтори Тоҷикистон изҳори хушӣ менамояд, зеро моҳиятан ин давлат бештар ба манфиати табақаи коргару деҳқон хидмат менамуд. Бинобар ин, ӯ менависад: « яке аз самараҳои … тақсимоти миллӣ дар Осиёи Миёна, барпо шудани Тоҷикистони Советӣ буд…» Аммо ин ҷумҳуриро ҳоло давлати сифр тоҷикӣ номидан душвор буд, зеро он дар итоати Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Узбекистон расмият дошт. Фардҳои фарҳангии миллатро зарур буд, ки барои дар оянда Ҷумҳурии мухторро ба Ҷумҳурии комили шӯроӣ табдил додан, пеш аз ҳама мавҷудияти таърихии миллати тоҷикро кашф менамуданд. Бо хоҳиш ва супориши раиси Ҳукумати чумҳурии Шӯроии Мухтори Тоҷикистон Абдулқодир Муҳиддинов устод Айнӣ ба навиштани « Намунаи адабиёти тоҷик» мепардозад ва онро соли 1925 ба итмом мерасонад. Ин тазкира ҳаёт ва фаъолияти 220 нафар адабиони форсизабони Мовароуннаҳрро аз замони Сомониён то бист соли аввали садаи XX дар бар мегирад. Бо ин китоб устод Айнӣ мавҷудияти таърихии миллат ва адабиёту фарҳанги онро илман ва амалан исбот менамояд. Ҳамин буд, ки «Намунаи адабиёти тоҷик» баъд аз ин ки бо ибтикори устод Лоҳутӣ соли 1926 дар Маскав, дар нашриёти Халқҳои Шарқ чоп шуд, ҳамчун шиносномаи миллат маъруфият пайдо намуд. То ин гуфтаҳо олимони чех Ян Рипка ва Иржи Бечка дар китоби “ таърихи адабиёти Эрон” дар хусуси аҳамияти эҷодиёти Айнӣ сухан ронда, изҳор намуда буданд, ки: “ Айнӣ дар таърихи халқи тоҷик дорои мавқеи барҷаста- дар мартабаи падари миллат, ангезаи неруҳои маънавии ӯ, устод мебошад. Айнӣ бузургтарин шахсияте дар таърихи халқи тоҷик дар сад соли охир аст ва таъсири ӯ дар инкишофи минбаъдаи маданияти тоҷик боз хеле муддат эҳсос хоҳад шуд. Рӯйи қоғаз овардани чунин иқтибосҳо аз он хотир аст, ки бори дигар таъкид кунем: устод Айнӣ на танҳо шоири тавоно асосгузори насри муосири тоҷик, нахустин олими адабиётшинос ва таърихшиноси замони мо бо ҳунари волои нависандагии худ соҳиби эҳтиром гаштааст. “ Ӯ дар ҳақиқат падари миллат аст, падари маънавии миллати тоҷик. Инро мо бояд ба зеҳни фарзандону наберагони худ ба зеҳни наслҳои ояндаи миллат ҷой намоем. Шахсияти нотакрори устод Айнӣ, асарҳои бадеӣ, илмӣ ва публисистии ӯ фаъолияти иҷтимоии ӯ ва тавассути онҳо талошҳои ӯ барои ҳастии халқи тоҷик ба имрӯзу фардои миллатамон хидмат хоҳад кард. Беҳуда нест, ки ҳукумати ҷумҳурии соҳибистиқлоламон бо ташаббуси сарвари дурандеш ва хирадманди он Эмомалӣ Раҳмон ба ӯ нахуст унвони “ Қаҳрамони Тоҷикистон” – ро доданд. |