Хабарҳо - Тарбия |
There are no translations available. Ваҳдат - меҳвари осоиши башарият
Рушди рӯзафзуни ҷанбаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат худ гувоҳи онаст, ки арзишҳои миллии мо дар шароити ҷаҳонишавӣ хусусиятҳои нав касб мекунанд. Бо татбиқи амалии ваҳдат ва арзишҳои миллӣ вақти он расидааст, ки ба ҷомеаи ҷаҳонӣ дастовардҳои худро пешниҳод намоем. Ин дастовардҳо дар шакли зуҳуроти фитрӣ – дониш, ақл, ҷаҳонбинӣ ва афкори созанда пешниҳод мешаванд. Аз ҷониби дигар, пешниҳодҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз минбарҳои баланди СММ ва аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ шудани онҳо худ гувоҳи он аст, ки идеологияи навини давлатдории тоҷикон ҷанбаи миллӣ дошта, натанҳо ваҳдати дохилӣ, балки ваҳдати башаририро дар асоси маҷмӯи бузурги ҷаҳонбинии халқҳои ҷаҳон дар худ таҷассум мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки идеологияи давлати нави миллии мо барои на танҳо мо, балки баҳри башарият фикри нав, андешаи нав, ҷаҳонбинии нав ва сиёсати навро ҳадафи аслӣ қарор додааст ва ин омилҳо барои рушди афкори башар ва ваҳдати умумибашарӣ ба таври ҷовидонӣ мусоидат менамоянд. Яъне, ваҳдат - меҳвари осоиши башарият аст, ки дастёбӣ ба он ҷаҳди дастаҷамъонаи ҷомеаи ҷаҳонро тақозо дорад.
Саидмуроди Хоҷазод, доктори илмҳои филология, профессор |