Хабарҳо - Тарбия |
ОИЛА - ОҒОЗГАҲИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ
Дигар роҳи ба камоли инсонӣ расонидани фарзанд ин ба таҳсил фаро гирифтани он аст. Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар китоби «Ахлоқи муҳсинӣ»-и худ чунин назар дорад: «Беҳтарин сармоя ва хуштарин перояи мурод таҳсили адаб аст». Пас маълум мешавад, ки беҳтарину хуштарин мерос ба фарзандон ин таҳсили адабу ахлоқи ҳамида мебошад. Ба гуфтаи Кошифӣ илова намуда талқин менамоем, ки дар шароити имрӯза дар баробари ба таҳсили адаб фаро гирифтани фарзанд, онро ҳатман ба таҳсили касбу ҳунар низ бояд равона сохт. Муаллифи китоби «Кимиёи саодат» дар ин бора чунин гуфтааст: «Фарзанд амонатест дар дасти падару модар. Дили ӯ чун об софу чун ҷавҳар нафис асту нақшпазир… ва чун замин пок аст, ҳар тухме дар он бикорӣ, бирӯяд. Агар тухми хайру некӣ аст, ба саодати дину дунё расад ва падару модару муаллим дар он савоб шарик бошанд. Агар тухми бадӣ афканӣ ва ӯро ба ҳолаш гузорӣ, то ҳар чи хоҳад, кунад ва бо ҳар ки хоҳад нишинад, ҳаргиз аз вай умеди некӣ накунӣ». Имрӯз волидайнро зарур аст, ки фарзандони хешро мутобиқ ба талаботи замони муосир ва омӯхтани техникаву технологияи наву навтарин ва аз худ кардани забонҳои хориҷӣ тарбият намоянд, зеро донистани забонҳои хориҷӣ яке аз талаботҳои замони муосир ва тақозои замон аст. Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бамаврид гуфтаанд: «Модар, воқеан, нахустустоди башарият аст ва фарзанд каломи аввалинро аз ӯ меомӯзад». Ҳамзамон, аҳли ҷомеаи имрӯзаи моро мебояд, ки бевосита дар анҷом додани корҳои нек ва дуруст, дар рӯҳияи ҳисси баланди ватанпарастӣ тарбия кардани ҷавонон саҳмгузор бошанд ва ҷавононро ба омӯзиши илму ҳунар, аз бар намоии техникаву технологияи муосир, ширкати фаъолона дар корҳои ҷамъиятӣ ва ободониву созандагии Ватан ҳидоят намоянд. Зеро кори таълиму тарбия на фақат кори падару модар ва омӯзгор, балки кори тамоми аҳли ҷомеа аст. Бинобар ин танҳо дар ҳамин сурат метавонем насли солиму худогоҳро тарбият намуда, дилпурона ба сӯи ояндаи дурахшон қадами устувор гузорем.
Иброҳимов Фурқатҷон, ассистенти кафедраи фалсафаи ДДОТ ба номи С.Айнӣ |