• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Хабарҳо - Тарбия

 

Масъалаи терроризм ва ба ҳаракатҳои ифротӣ рӯ овардани одамон   махсусан,  ҷавонон дар маркази диққати роҳбари мамлакат, бахусус, аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифтааст. Чунин муносибат дар паёмҳои ҳамасолаи Пешвои миллат ба Маҷлиси Олӣ ба таври амиқ мавриди баррасӣ қарор дода мешавад. Дар шароити ҳозира терроризм ва амалҳои террористӣ ба ҳодиса ва раванди мудҳиштарини ҷомеаи ҷаҳонӣ табдил ёфтаанд. Терроризм ва амалҳои террористӣ батадриҷ меафзоянд. Терроризм ҳамчун ҳаракати иртиҷоӣ хосияти умумӣ пайдо намудааст ва мамлакатҳои гуногунро ба таври саросарӣ фаро гирифтааст. Аз ин ҷост, ки тамоми зуҳуроти экстремизми сиёсӣ   махсусан, шакли радикалию мудҳиштарини он – терроризм ба масъалаи рӯзмараи тадқиқотӣ ва таҳдиди рақами яки ҷаҳон гардидааст.

Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки сабаби асосии гаравидани мардум, махсусан ҷавонон, ба гурӯҳҳои ифротӣ на ҷанбаи моддӣ, балки бештар ҷанбаи маънавӣ дорад. Дар ин доира паст будани маърифати динӣ ҳамчун яке аз сабабҳои асосӣ баромад мекунад. Ҷавононе, ки мубталои андешаҳои радикалӣ ва дониши рӯякии динӣ бо дарки хатои моҳияти он доранд, ки дар заминаи таассуб шакл гирифтааст. Зеро ягон дине вуҷуд надорад, ки дар он арзишҳои волои инсонӣ – сулҳу оштӣ, амният, адолат, сулҳдӯстӣ, хайрхоҳӣ ва ғайра арзишҳои ахлоқӣ вуҷуд надошта бошад ва ё дар ҷои аввал қарор нагирифта бошад. Ҷаҳони муосир бо як қатор таҳдидҳои наве рӯ ба рӯ шудааст, ки амалан мехоҳанд онро аз рӯи мансубияти мардум ба дину мазҳабҳо ва умумиятҳои миллию этникӣ ҷудо намоянд. Ба ҳамагон маълум аст, ки дин неруи бузурги созанда аст ва таблиғу ташвиқ кардани ақоиди экстремистӣ кадом оқибатҳоро метавонад ба миён оварад. Терроризм ба ягон дин алоқаи бевоситае надошта, душмани тамоми халқу миллатҳо, мазҳабу оинҳо ва душмани тамаддуни инсонӣ мебошад. Ин ҳақиқати мусаллам дар шакли хеле равшану ошкоро дар Қуръони маҷид ва Суннати пайғамбар (с) матраҳ гардида, ҳар марди мусалмонро водор кардааст, ки ҳама гуна шакли зӯрӣ ва зӯроварӣ нисбати дигар ҳамҷинсони хеш ва кинаву адоват варзиданро қатъиян манъ мекунад. Бояд қайд кард, ки ҳар як амали манфур аз майнаи манфур бармеояд. Терроризм низ маҳсули ҳамин навъи майнаи инсонист. Он як навъ таҳдидест ба инсоният ё ба ақидаи муҳаққиқи рус Болтунов М. – терроризм нафратест ва ин нафрати инсон ба инсон ва ба башарият мебошад.

Љанбаи дигар паст будани дониши ҳуқуқӣ аст. Аксар вақт ҷавонон ба чунин гурӯҳҳо шомил шуда, рафтори худро боадолатона мешуморанд ва ҳатто тасаввур карда наметавонанд, ки чунин рафтор онҳоро аз кадом ҳуқуқҳо маҳрум мекунад. Таҳлили ҳуқуқии рафтори онҳо нишон медиҳад, ки ин рафтор на адолатпарварона аст, балки ба маҳдуд кардани ҳуқуқу озодиҳои фитрии инсон равона шудааст. Барои пешгирӣ намудани гаравидани ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ фаъолиятро дар самти баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии онҳо ҷоннок намудан лозим аст. Дар ин замина зарур аст, ки фаҳмиши моҳияти дин аз таассуб тоза карда шуда, моҳияти адолат ва адолатпарварӣ аз мавқеи қонун ва дар заминаи давлати ҳуқуқбунёд ба ҷавонон фаҳмонида шавад.

Иқбол Ҷобиров

 
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj