Хабарҳо - Тарбия |
There are no translations available. СОЗИШНОМАИ ҲАМКОРӢ БО ДОНИШКАДАИ ОМУЗГОРИИ ШАҲРИСАБЗ БАСТА ШУД
![]() Ҳоло тибқи бандҳои созишномаи мазкур рушди табодули таҷрибаомӯзии омӯзгорон ва ба таҳсил фарогирии донишҷӯён, фаъолияти муштараки илмӣ, ташкил ва баргузор намудани конференсияҳо, ба роҳ мондани нашри маводи илмӣ ва дигар фаъолияти муҳимми илмӣ-фарҳангӣ, ки ба манфиати ҷонибҳо мебошад, роҳандозӣ карда мешавад.
Маврид ба зикр аст, ки Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ феълан ҳамкориҳои судмандро бо 111 муассисаҳои олӣ ва олии касбии ватаниву хориҷӣ дар самти илмиву таълимӣ ва мубодилавию фарҳангӣ ба роҳ монда, тасмим дорад, ки дар оянда ҳамкориро бо муассисаҳои бонуфузи дунё тавсеа бахшад. |