• Тоҷикӣ
  • Русӣ
  • Англисӣ
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия

Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико, ки ба хотири амнияти шаҳрвандонаш дар тавсияи давлатҳои дунё барои сафару саёҳат басо мулоҳизакор аст, Тоҷикистонро диёри амну шоистаи дидан муаррифӣ намудааст.

Ниҳоди номбурда дар асоси таҳлили авзои мамлакатҳои ҷаҳон рӯйхатеро барои сайёҳони амрикоӣ таҳия кардааст, ки дар он  кишварҳо аз рӯи дараҷаи амният ба чор гурӯҳ тақсим шудаанд, - иттилоъ медиҳад оҷонсии "Sputnik". Тоҷикистон ҳамчун кишвари амнтарин барои сафар тавсиякарда шомил гаштааст. Воқеан ҳам, сиёсати хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки на танҳо боиси сулҳу оромию ободкорӣ, ҳамчунин, рушди назарраси туризм, дар соҳа арзи ҳастӣ кардани инфрасохтору иншооти

 
Хабарҳо - Тарбия

Оҷонсии иттилоотии «Sputnik» хабар медиҳад, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ба гурӯҳи кишварҳои аз лиҳози бехатарӣ амн ва диданибоб шомил шуд. Дар гурӯҳ, инчунин  ҷумҳуриҳои Туркманистон, Қазоқистон ва Ӯзбекистон низ шомил гардидаанд.

Давлатҳо аз лиҳози бехатарӣ ба чор гурӯҳ тақсим карда шудаанд. Ба гурӯҳи чорум давлатҳои Афғонистон, Эрон, Ироқ, Яман, Ливия, Мали, Сурия, Кореяи Шимолӣ, Сомали, Судони Ҷанубӣ ва Ҷумҳурии марказии Африқо ворид гардидаанд, ки дар онҳо бехатарии шаҳрвандон ва сайёҳон умуман кафолат дода намешавад.

 
Хабарҳо - Тарбия

Нафас дорад, валекин ҷон надорад,

Касе, к-ў бар муроди дигарон зист.

Муҳаммад Иқбол

Хуршед ҳар саҳар дарвозаи рўзро боз мекунад ва зиндагии тоза оғоз мешавад ва шом бо ғуруби хеш ин дарвозаро мебандад. Садҳо ҳазорон сол аст, ки чархаи гетӣ ба ин равиш мечархад ва инсонҳо шоҳиди ин ҳол ҳастанд. Ҳаройина, суханвароне ва андешаварзоне ҳастанд, ки эҳсос кардаанд, бояд ин мақоми волои сарчашмаи Меҳрро ситуд ва дар зеҳну ҳуши инсон ин боварро тоза кард ва беш аз ин башар рўзеро дар тақвим махсус ба «Рўзи Офтоб» кардааст, агарчи ҳама рўз рўзи офтоб аст ва рўзро бидуни офтоб тасаввур натавон кард.

 
Хабарҳо - Тарбия

ИДЕЯИ МИЛЛӢ — ЗАМИНАИ РУШДИ ОЯНДАИ ҶОМЕА

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханрониашон дар мулоқот бо сокинони Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон дар шаҳри Хоруғ 19 сентябри соли 2012 чунин зикр намуданд: «Дар чунин шароити ҳассоси авзои байналмилалӣ моро зарур аст, ки доимо ҳушёру зирак бошем, ақлу хирад ва донишу таҷрибаи худро ба хотири тақвияти минбаъдаи давлатамон, ҳифзи марзу буми он, таҳкими ваҳдати миллӣ ва таъмини сулҳу суботи комили ҷомеа сафарбар намоем». Аз ин суханон бармеояд, ки имрўз ҳар як  шаҳрванди Тоҷикистон бояд донишу таҷриба ва фаъолияти худро баҳри рушду нумуи  давлатдорӣ истифода намуда, дар ташаккули идеяи миллӣ мавқеи худро дошта бошад.

 
Хабарҳо - Тарбия

Ватан сарзамини меҳр аст, ки фароварди орзуву омолҳои неки моро ғалаёни туғён он ҷост ва, албатта, он ҳам, аз ишқи поки инсонӣ маншаъ мегирад ва дар дидгоҳи мо бо ҳар қатра обу хоки муқаддаси Ватан бузургӣ касб мекунад. Муқаддас аз он аст, ки ҳавояш навозишгари рўҳ асту обу хокаш ангезаи вуҷуд, ки дар фаросўи ёдҳо арзани вафо мекорад, ба мисле ки асрҳо қабл аз ин устоди шуаро Абўабдуллоҳ Рўдакӣ фармуда буд:

Бўйи ҷўйи Мулиён ояд ҳаме,

Ёди ёри меҳрубон ояд ҳаме…

 


Страница 63 из 79
free pokerfree poker

ПАЁМИ ДОНИШГОҲ




 

 

 

surat 91.png - 36.52 Kb


  • Номи пурра: Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон  ба номи Садриддин Айнӣ
  • Суроға:, 734003, шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
  • Телефон: +992(37) 224-13-83
  • WWW: tgpu.tj, E-mail: info@tgpu.tj