• Tajik
  • Russian
  • English
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Табиати инсонҳои  аъмолашон нопок ва гузаштаашон пурдоғ чунин аст, ки ҳамагуна вокуниш ва андешаронӣ дар ҷомеаро ба худ рабт дода, моҳиятан ба “девори намкаш” табдил меёбад. Ин “бузургон” ончунон ба ин “образ” медароянд, ки агар Худо накарда тавассути расонае, дар мавриди ҷинояту ҷинояткорон иттилое паҳн гардад, филфавр обсофкунакҳояшон фаъол мешаванд.

Дурустии ин гуфтаро дар “кор”- у “пайкор”-и наҳзатиҳои террорист ба хубӣ метавон мушоҳида кард.  Далел меорам: Чанд рӯз қабл яке аз расонаҳо бобати ошкор шудани дуздии муҳоҷири тоҷик дар Вилнюс, пойтахти Литва иттилоъ пахш кард. Ин хабар, ки қаҳрамони он муҳоҷири  тоҷик арзёбӣ шудааст,  он қадр арзандаи таваҷҷуҳ набуд ва имкон дошт мисли дигар иттилоъ, бе илова шудани шармандагии нав барои наҳзатиҳо моли таърих шавад. Вале осемасар ва аблаҳона вокуниш намудани онҳо боис гардид, ки худро бори дигар хандахариш кунанд. Ба мисли қаҳрамони яке аз саҳначаҳои “Лаҳзаҳои гуворо”, ки далелаш барои “пешдастӣ намудан” пешгирии  “аз дилаш нагузаронидан”-и нафари дигар аст.

Баъд аз чанд лаҳзаи расонаӣ шудани хабари мазкур сомонаи сафсатпарокани наҳзатиҳо - “Паём нет” дар матлабе бо “сароҳат” нигошт, ки “барои дӯздӣ боздошт шудани муҳоҷири тоҷик иштибоҳ буда, ин паноҳанда айни ҳол озод карда шудааст. Ӯ ҳоло ба бошгоҳи муҳоҷирон — Пабраде баргаштааст”.

Бино ба иттилои ин фоҳишасомона,  қазия на чуноне будааст, ки матбуоти Литва хабар додаанд. Гӯё муҳоҷири мавриди назар мастеро мебинад, ки телефонаш аз дасташ афтодааст. Муҳоҷири тоҷик телефони ӯро бардошта ба кисааш мегузорад ва ба ӯ кӯмак мекунад то бархезад. Маъмури пулис, ки ба кисааш гузоштани телефонро мушоҳида мекунад, бо гумони дуздӣ ӯро дастгир мекунад”. Иддаои аз ҳама хандаовари “Паём нет” ибораи зер аст: “Тибқи гуфтаи манбаъи Паём, телефони он маст ҳатто арзиши онро надорад, ки аз кӯча бардорӣ, чӣ расад ба дуздии он”. Дар ин маврид ба ҷуз ибораи “бидуни шарҳ” чизи дигаре ба зеҳн намеояд...

Ҳарчанд масъулини  фоҳишасомонаи зикршуда иброз дошта буданд, ки “ҷузъиёти ҳодиса ба зудӣ нашр мешавад”, вале бо гузашти чанд рӯз дар ин маврид “муҳри хомушӣ ба лаб задаанд”.

Минҳайси як тоҷик ба ҳеҷ ваҷҳ хоҳони он нестам, ки ба пойи ягон ҳамватани мо, хоса дар хориҷи кишвар  хоре халад. Вале бо амри виҷдон ва ҷиҳати иҷрои рисолати инсонӣ муваззафам махсус таъкид намоям, ки мақомоти зиддахле, ки дар он ба ном паноҳандагони сиёсӣ маскунанд, аз ҷумла Литва бояд дарк намоянд, ки  қисмати аъзами ба ном паноҳҷўён аслан ҷинояткору террористанд ва “ҳиҷрат”-ашон рабте ба фаъолияти сиёсї надошту надорад. Иддаи дигар, ки онҳо низ ба сиёсат ҳеҷ дахл надоранд бо истифода аз фурсати муносиб мехоҳанд зери чатри паноҳанда дар Аврупо маскун шаванд. Ба таъбири дигар, онҳо барои кору зиндагӣ ба Аврупо мераванд, паноҳандаи сиёсӣ нестанд ва дар Тоҷикистон ҳам нисбат ба онҳо фишор ё парвандае нест.

Чанде қабл низ расонаҳо иттилоъ дода буданд, ки  ба ном паноҳҷӯи тоҷики 22-сола дар минтаққаи Людвигсдорф дар марзи Олмон бо Полша бо 237,5 грамм афюн ва 1,3 грамм бангдона дастгир шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки ин ҷавон моҳи август бо визаи Литва ба Олмон омада, паноҳандагӣ хоста буд. Тафсилоти ин ҳодисаро нашрияи олмонии "Sachsische Zeitung” шарҳ дода, афзудааст, ки пулиси федеролии Олмон аз як автобуси роҳии Полша як паноҳҷӯи тоҷики 22-соларо дастгир кардаанд. Аз бағоҷи ӯ кормандони пулис 1,3 грамм бангдона ва 237,5 грамм афюн пайдо кардаанд. Ҷолиб он аст, ки ин ҷавони тоҷик ба кормандони пулиси Олмон дурӯғ гуфтааст, ки бо худ шиноснома надорад, вале ҳангоми кофтукоб шиносномаи ӯро аз бағоҷаш пайдо кардаанд. Дар ин маврид обсофкунакҳои наҳзатӣ чӣ назар дошта бошанд? Чунин далелҳо зиёданд ва мо аз оварданашон бо риояи назокатҳои инсонӣ худдорӣ мекунем...

Далелҳои зиёд мавҷуданд, ки зери ниқоби «паноҳандаи сиёсї» аксар маврид нафарони ҷинояткор, амсоли  аъзои ТТЭ ҲНИ пинҳон мешаванд. Мутаассифона, баъзе кишварҳои аврупої, ки сиёсати духураро меҳвар қарор додаанд, чунин вонамуд мекунанд, ки гўё  намедонанд, ки теъдоди зиёди ба ном паноҳҷўён, ба мисли роҳбарият ва аъзои ТТЭ ҲНИ ҷинояткору террористанд.

Далели бебаҳс аст, ки раванди мазкур баъди ҳаводиси чанд сол қабл, ки боиси мамнўъ эълон гардидани ҳизби наҳзати исломї гардид, тавсеа ёфт. Аз ин бармеояд, ки бо бардошта шудани парда аз чеҳраи манфури масъулин ва аъзои ТТЭ ҲНИ онҳо «думро хода карда», зери ин ниқоб мехоҳанд дар дили Аврупо фаъолияти муѓризонаи хешро идома диҳанд.

Бо дарки масъулият метавон гуфт, ки наҳзатиҳои террорист, сарфи назар аз он ки дар кадом гўшаи олам қарор доранд, тарки одат карда наметавонанд. Ин ҳақиқатест, ки масъулини кишварҳои мавриди назар ва ташкилоту созмонҳои марбутаву ҳавасманд дарк намуданашон зарур ва ногузир аст!

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Тавтеъапардозӣ ва иғвоангезии терористони ҲНИ дар ҳама ҷо ошкор аст ва ҳамеша дар шабакаҳои иҷтимоӣ ин навъи мағзшўӣ ва дурўғпароканиро роҳандозӣ намуда, фазоро пур аз афкори тахрибгар месозанд. Дар  дурўзи сипаршуда, ки аз ҷониби расонаҳои мутаалиқ ба ин гуруҳи терористӣ хабарҳои тавтеабарангез ба нашр расидаанд ва ба хотири гумроҳ сохтани аҳли чомеа ба тарзи зидду нақиз пешниҳод гардидаанд.

Мусаллам аст, ки тасдиқ ва ё радди як хабар то пурра таҳқиқи худро наёбад ва расман аз ҷониби ниҳодҳои тафтишотию масъул тасдиқ нагардад онро ба ҷомеа пахш кардан ғайри имкон аст. Ҳамин аст, ки хабари боздошти 12 нафарро, ки мехостан дар пойгоҳи 201 дивизияи ФР амалҳои тахрибкорӣ анҷом бидиҳанд, рӯзи 12 ноябр котиби матбуотии КДАМ рад намуд. Зеро дар ҳоли набудани ахбор ба ин ниҳод ё дар ҳоли тафтиш қарор доштани он тасдиқ кардани чунин хабар ғайри имкон аст. Ҳамин аст, ки як рӯз баъд бо дарёфти хабари тасдиқӣ маркази матбуот хабарро тасдиқ намудааст. Дар ин ҳолат ҳеҷ амали ногаҳоние сурат нагирифтааст. Зеро бидуни ахбори мувассақ тасдиқи ин ё он хабар барои ҳар навъ ҷузъу томҳои сохторҳои қудратӣ имконнопазир аст. Ҳаминро ҳангома сохта дар расонаҳои гуруҳии хеш маводеро бо унвонии “Буд ё набуд” гузоштаанд.

Азбаски терористони тавтеасози наҳзатӣ ҳамеша аз овозаву гуишҳои кучагӣ истифода менамоянд ва сарчашмаи хабариашон ҳеҷ гоҳ эътимодбахш нест аз ин рӯ ҳамаи хабару овозаҳоро ба хотири ҳангомасозӣ барои оганда кардани фазои иттилоотӣ пахш мекунанд. Ҳамин аст, ки 90 дар сади ахбори аз ҷониби ин ниҳод пахш шаванда ягон воқеият надоранд ва манбаи онро мағзи хурофотзадаву афсонапардози онҳо ташкил медиҳад. Ба гуфтаи мардумӣ “ҳар кас ба меъёрҳои вайроншудаи хеш дигаронро андоза менамояд”. Чун андешаи носолим ва хурофазадаю нобахирадона зеҳнияти ин нафаронро ташкил медиҳад онҳо ҳамин зеҳниятро бар сари дигарон бор мекунад.  Барои инсони хурофазадаву тавакалӣ муҳим нест, ки хабар таҳлилу баррасӣ шуда бошад ва он тасдиқи воқеии худро дарёфт намуда бошад. Аммо барои инсони озода ва нафаре, ки аз рӯи хирад кор мегирад тасдиқ ва ё радди як иттилоъ бидуни таҳлилу баррасӣ ғайри муҷоз аст. Тавтигарони наҳзате, ки худро журналисту донишманд меҳисобанд аз оддитарин этикетҳои журналистиву хабаргузорӣ бархурдор нестанд.Дар баробари ахбори пахш намудаи хеш ҳеҷ гуна масъулиятеро дар худ надоранд. Аз ин рӯ онҳо ҳамагуна хабари носанҷидаву дуруғиро ҳам дар фазои иттилоотӣ пахш мекунанд. Корашон ҳангомасозӣ фақат ба хотири расидан ба ҳадафҳои падидонаи хеш аст на чизи дигар. Имрӯз мардум аз ин дуруғпароканиву тавтиапардозиҳои онҳо огоҳ аст ва ин навъи хабарҳои зидду нақизро қабул надорад.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Дар шабакат интернетӣ мусоҳибаи раиси ҲНИ бо рўзноманигори Тасним рўйи чоп оварда шудааст, ки ба яке аз пурсишҳо чунин посух додааст:

— Пештар ҳамеша аз сабри наҳзат ва мавориди бадтаре, ки мумкин буд ба вуқӯъ бипайвандад гуфтаед. Оё сенориюҳои беҳтар ё бадтаре ҳам ба ҷои ҳодисаи сентябри 2015 вуҷуд дошт, ки битавон дар фазои сиёсии Тоҷикистон ба онҳо фикр кард?

— Бале, мо пас аз имзои Созишномаи сулҳ ҳамеша аз сиёсати сабр истифода кардаем. Сабре, ки на танҳо рақибони мо, балки бархе дӯстони моро ҳам ба хашм оварда буд ва ҳатто боиси тамасхур ва истеҳзо ҳам шуда буд. Имрӯз ҳам интиқод мекунанд, ки мо бо сабри худ мехостем ба ҳукумат баҳона ва далел надиҳем, вале ин кор натиҷае дарбар надошт.

Аз муҳтавои ин посухҳо хулоса бароред, ки оғои Кабирӣ чӣ гуфтан мехоҳаду чӣ нуктаро дар назар дорад? Киҳоянд «рақибон»-у «дўстон»-и оғои Кабирӣ? Ў чи гуна «сабр»-ро пеша кардааст?

Таърих гувоҳ аст, ки аввалин тирро ба сўи мардуми бегноҳ он силоҳбадастоне, ки аз тарафи мухолифини давлати тоҷикон мусаллаҳ шуда буданд, равона карданду аввалин шаҳидони роҳи озодиро ба хок супурданд. Мо аниқ медонем, ки «дўстон» гуфта он мардуми гумроҳеро, ки дар назди бинои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон гирд оварда буданд, дар назар дорад. Он мардумеро, ки ҳатто намедонистанд барои чӣ ва бо кадам мақсад дар ин майдон оварда шудаанд. Он гумроҳоне,ки дар натиҷаи тарғиби ақоиди исломӣ оварда шуда буданду мехостанд давлати Исломиро ташкил кунанд, аммо намедонистанд, ки мақсаду ниятҳои саркардагони ин гирдоварандагон чисту онҳо чӣ ниятҳо доранд.

Вақте ки Давлату Ҳукумаи мамлакат бо сарварии Роҳбари ҷавону ҷасуру хирадмандаш зимоми давлатдориро пурра ба дасти худ гирифт, барои муборизаро давом додани гурўҳҳои мухолифин имконияте намонд ва эшон маҷбур шуданд ё хомўш нишинанд ё сабрро пеша кунанд. Вале, имрўз аз дур истода сангпартоӣ мекунанд, ки мабодо заррае бошад, ба ин миллату ин Давлат зиёне расонида бошанд. Давлату миллати тоҷик имрўз кўҳест, ки чунин сангпартоиҳо ба он ҳеҷ зиёне расонида наметавонад.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Чуноне ки огоҳем, 16 ноябри соли 2018 барои ҳар як сокини Тоҷикистону тоҷикистонӣ рўзи таърихӣ ва фаромўшнашаванда мебошад. Маҳз дар ҳамин рўз агрегати аввали НБО-и Роғун фаъол мегардад, ки ин барои тоҷикон фараҳбахштарин воқеа ба ҳисоб меравад. Миллати тоҷик ин рўзро солҳо интизорӣ мекашид. Оғози корҳои сохтмонӣ дар ин иншооти миҳиму зарурӣ ҳанўз аз даврони собиқ Иттиҳоди Шўравӣ оғоз гардида буданд, аммо бо сабабҳои гуногун он идома наёфту бо ҳамин корҳо дар ин иншоот қатъ гардида буданд.            Баъди соҳибистиқлолии тоҷикон бо саъю талошҳои шабонарўзӣ ва кўшишҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сохтмони НБО-и Роғун аз нав оғоз гардид ва тамоми мардуми мамлакат ин навидро хеле хуш пазируфтанд.

Ҳамгон хуб медонанд, ки ба фаъолият оғоз намудани НБО-и Роғун барои рушди тамоми соҳаҳои мамлакат аҳамияти басо калон дорад. Дигар ин ки, бо ба кор даромадани ин иншоот яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат- расидан ба истиқлолияти энергетикӣ таъмин мегардад ва аҳолии мамлакат на танҳо аз норасоии барқ танқисӣ намекашад, балки зиндагии беҳтару хубтарро соҳиб мегардад.

Бояд зикр кард, барои анҷом додани корҳои сохтмонӣ дар НБО-и Роғун мушкилиҳои зиёде ҷой доштанд, аммо ҳамаи инро сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, Сарвари оқилу дурандеш- Эмомалӣ Раҳмон тавонист бартараф карда, ба идомаи ин иншооти бузурги аср асос гузорад.

Дар хусуси ояндаи дурахшони тоҷикону тоҷикистониён баъди ифтитоҳи пурраи ин нерўгоҳи тақдирсоз ҳаминро бояд зикр кард, ки таъсири мусбии ин иншоот дар баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум ва расидан ба мақсадҳои наҷиби Давлату Ҳукумати Тоҷикистон нақши созгор дошта метавонад. Дигар ин ки, мо на танҳо кишвари худро бо барқ пурра таъмин менамоем, инчунин метавонем онро содирот намуда, кишварҳои ҳамсояи худро бо барқи хушсифату аз ҷиҳати экологӣ тоза таъмин намоем.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Ба воситаи шабакаи интернетӣ маводе рўйи чоп омадааст, ки гўё яке аз қумандонони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон- генерал-майор Хуршед Изатулло санаи 05 ноябри соли 2018 ба воситаи силоҳи оташфишон сўйи аҳолӣ тир холӣ намудаасту дар натиҷа дут ан аз аҳолии осоиштаи шаҳри Хоруғи Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон ҷароҳат бардоштаанд.

Ин қазия то куҷо асоси воқеӣ дорад, мақомотҳои қудративу ҳарбии кишвар ҳаллу фасл менамоянд. Вале даъвои ин гурўҳи сокинони шаҳри Хоруғ он аст, ки дидбонгоҳҳои иловагие, ки имрўз дар шаҳри Хоруғ гузошта шудаанду тартиботи дохилишаҳриро назорат мебаранд, аз миён бардошта шаванд.

Чуноне огоҳ ҳастем, баъди сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Вилояти Мухтори Кўҳистони Бадахшон вазъи сиёсии ин минтақа чандон ором арзёбӣ нагардида буд. Аз ин рў, дар ВМКБ ситоди байниидоравӣ таъсис дода шуд, ки дар муддати як моҳ вазъро орому силоҳҳои ғайриқонунии дар дасти аҳолибударо ҷамъоварӣ намоянд, то дар ин минтақаи дурдасти мамлакат тинҷиву оромӣ ва сулҳу суботи ҳамешагӣ побарҷо бошад.

Чи тавре ки ба воситаи расонаҳои хабарӣ иттлоъ доданд, қисме аз нафарони силоҳҳои ғайриқонунидошта ихтиёран силоҳҳояшонро оварда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ супориданд. Вале ин ҳанўз анҷоми кор нест. Нафарон ё гурўҳҳои силоҳдор ҳоло ҳам дар ВМКБ мавчуданд ва то силоҳи охирин ҷамъ карда нашавад, мо ин минтақаи кишварамонро орому осуда намеҳисобем. Гарчанде ки имрўз сокинони ин вилоят иброз медоранд, ки мо орому осудаем, дигар ба муҳофизон эҳтиёҷ надорем, аммо кормандони ситоди байни идоравӣ ва мақомоти қудратии дар вилоят ва шаҳри Хоруғ фаъолиятдошта худ хуб медонанд, ки кай фаъолияташонро қатъ намоянду дидбонгоҳҳои иловагиро аз байн бардоранд.

 


Page 51 of 79
free pokerfree poker

 


 

Full name: Tajik State Pedagogical University named after Sadriddin Aini.Address: 734003, Dushanbe City, 121, Rudaki Avenue.
Telephone: +992(37) 224-13-83
WWW: www.tgpu.tj E-mail: info@tgpu.tj