• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Поёни «ҷанги сард», ки ба пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ мунҷар шуд, мувозинати қудратро дар ҷаҳон барҳам зад ва онро аз ҷаҳони бисёрқутба ба як қутби мутлақи қудрат табдил дод. Кӯшишҳои азнавтақсимкунии ҷаҳон дар байни давлатҳои қудратманд ҳанӯз аз солҳои 90-уми садаи ХХ оғоз гардида буд ва ин раванд то имрӯз идома дошта, ҷаҳони муосирро ба як буҳрони шадиди сиёсию иқтисодӣ табдил додааст, ки баъзан бо анҷом ёфтани террору ҷангҳои хунини қавмӣ ва динӣ-мазҳабӣ сурат мегирад.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Баъзе ҳодисаҳое, ки имрӯз дар маҳдудаҳои миллӣ ва фаромиллӣ рух мезананд, гувоҳи онанд, ки бештар ҳодисаҳои ба хиёнат марбут характери субҷӯёна, худбинона ва авомфиребона доранд. Дигар ин ки судҷӯйӣ ва авомили ба он иртиботдошта инсонро ба сӯйи хиёнат дар ҳар шакле тела медиҳад.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Яке аз ҷашнҳои муҳими миллӣ ва мардумии халқҳои эронинажод Наврӯз ба ҳисоб меравад. Ин ҷашн ҷашнест, ки ҳамбастагии инсону коинот ва эҳёшавии табиатро ба миён меорад. Чунин навъи ҷашн пеш аз ҳама ба шинохт ва огоҳии инсоният аз табиат ҳамбастагӣ дорад. Нахустин рузи Наврӯз ки ба 21 март рост меояд замонест, ки ҳамаи сайёроту ситорот дар як радиф қарор мегиранд. Ин баёнгари он аст, ки мардумони ориёинажод ҳанӯз ҳазорон ҳазор сол қабл ин ҳамоҳангиро дарк намуда будаанд ва аз табиат огоҳии дуруст ва илмӣ доштаанд.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

21 марти соли 2019Нозим Нурзода
Ҳама рӯзгори ту Наврӯз бод!Ҳамарӯза бахти ту пирӯз бод,      Чун дар айёми Наврӯзи фурӯзанда қарор дорем, ба мардуми шарифи Тоҷикистон, қабл аз ҳама, сиҳатию тандурустӣ, тавонмандию эҷодкорӣ, муваффақияту бурдборӣ, бахту саодати хонаводагӣ, самимияту илтифоти ҳамагонӣ, дили шод, хандаю шӯхтабъии баҳорӣ, табъи болида, ҳолати рӯҳии Наврӯзӣ таманно менамоем. Бошад, ки оромишу амният, сулҳу субот, хираду фарзонагӣ дар фазои Тоҷикистони азиз танин биандозад ва бо шинохти фарҳанги воқеъгароёнаи Наврӯзӣ мардуми тоҷик мақому мартабаи демократизми башарӣ --- худгардонии миллӣ ва ниҳоятан, хирад ва фазилати ҷамъиро касб намуда, тамаддуни бумиро, ки реша дар умқи таърих дорад, дар миқёси байналмилалӣ ифтихормандона намояндагӣ кунад. Таманниёти худро ба сухани Фирдавсӣ хотима мебахшем:

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Дар таърихи фарҳанги форсу тоҷик Наврӯз ба сифати ҷашни муҳимтарини аҷдодӣ ва миллӣ шинохта шуда, дар байни ҷашну маросими мутааддади милию мардумӣ ва динӣ-мазҳабӣ ҷойгоҳи вижа дорад. Фаротар аз ин, он бузургтарин ҷашни фарҳангии ҷаҳонист, ки на танҳо ба  як қавм, як миллат, як нажод мунҳасир мешавад (ниг.: Шаъбонӣ Ризо. Одоб ва русуми Наврӯз. –Душанбе: Пайванд, 2008. –С.11), балки бо қолабу шеваҳои гуногун дар зиндагии маросимии ақвоми мухталифи башарӣ ва дар маҷмӯъ, инсоният мақоми устувор пайдо кардааст.

 


Страница 40 из 79
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj