• Таджикский
  • Руский
  • Английский
Тарбия
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

10:41, 2 мартаАвтор: Александр Хайзер, председатель Германо-Таджикского общества, специально для Asia-Plus

Немецкие журналисты выразили заинтересованность в освещении туристических возможностей Таджикистана в СМИ Германии

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Хабари сомонаи «payom.net», аз 5.03 2019, бо сарлавҳаи «Дар НБО Роғун садама рух додааст?» пурра дурӯғ ва иғвоангез буда, як кушиши соддалавҳона бобати паст задани обруи кишвари мо ва бунёдкориҳои азим дар он ба шумор меравад.

Муаллиф чунон ноогоҳ ва аз ҳақиқати воқеӣ дур аст, ки дар назари ӯ менамояд, гӯё як нерӯгоҳи алоҳида як минтақаи алоҳидаро бо барқ таъмин мекарда бошад. Масалан, ӯ менависад: «Тибқи маълумоти дарёфтӣ масъулин ваъда доданд, ки имрӯз 5 март то соати 16-00 вақти маҳаллӣ мушкили ба миён омада бартараф хоҳад шуд. Аммо ин, ки то он замон чарха аз нав ба кор медарояд ё водии Қаротегинро аз нав ба НБО Норак пайваст мекунанд, маълумоте ба даст нест». Аз ин навишта бар меояд ки муаллиф гумон мекунад водии Қаротегин гӯё аз НБО Роғун барқ мегирифта бошад. Муаллифи соддалавҳ ҳатто намедонад, ки тамоми нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ба системаи ягонаи энергетикӣ пайвастанд ва тавассути ин система ба ҳамаи минтақаҳо барқ интиқол дода мешавад.

Сарлавҳаи мавод «Дар НБО Роғун садама рух додааст?», ки бо аломати савол навишта шудааст низ як кушиши ба роҳгумӣ андохтани ҷомеа ё аз гӯшаи орзуҳои амалинашавандаи душманони миллати тоҷик аст. Аввалаш, ки дар Роғун ягон садама рух надодааст, баъдан овардани тахминҳои ҳавоии «шикастани таҷҳизот» ё «чаппа васл кардани он» барои онҳое, ки андаке аз соҳаи энергетика ва сохтмонҳои энергетикӣ огоҳанд, хандаовар аст ва кутоҳназарии муаллифро исбот месозад.

Бояд қайд кард, ки таъминоти барқи кишвар дар айни замон ба Нерӯгоҳи барқи обии Роғун, ки танҳо агрегати якуми он ба истифода дода шудааст, ягон рабт ва вобастагие надорад.

Роғун масъалаи муҳимеро рӯнамоӣ кард. Дӯстро аз душман ҷудо кард. Ҳамон гуна, ки оппозитсия, ободии ин мулкро 27 сол пеш намехост ва мухолифи сарсахти сохтмони НБО «Роғун» буд, ҳоло ҳам дар зершуури ин тоифа ҳеҷ чиз тағйир наҳӯрдааст. Ин роҳгумкардаҳо душмани ашаддии Роғун боқӣ мемонанд. Аз баҳсу мунозираи кулӯху сангу банди эзор нараҳиданд, ки нараҳиданд.

Ҳоло, ки дар Ғарб гурӯҳакҳои фирории ошӯбгар ҷойгузин шудаанд, кӯшиш доранд, тасвири қалбакии мардуми моро ба чаҳониён вонамуд кунанд. Ин хиёнатманишӣ табиати азалии онҳо гаштааст. Мурғе пар занад, онро каргаси хунхор метарошанд. Фарёди булбулро зоғ мепиндоранд. Моҳигире барои дилхушӣ моҳичае гирифта бошад, онро наҳанг вонамуд мекунанд. Аз пашша фил месозанд. Ин таблиғоти зиддимиллӣ ҳар чи зудтар бояд қатъ карда шавад.

…Аз ҳамаи ин, метавон хулоса кард, ки маводи муғризонаи муаллиф як кушиши навбатии оҷизонаи ба роҳгумӣ андохтани ҷомеа мебошад. Вале он чунон беасос ва соддалавҳона аст, ки ба шаҳомату нусрати кишвари мо ва миллати бунёдкори мо заррае таъсир нахоҳад кард.

 

Нозир Ёдгорӣ,

мутахассис оид ба соҳаи энергетика

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Бо баргардонидани Гадоев Шарофиддин, ки шоми 2-юми март сурат гирифт, ниҳодҳои давлатӣ фарҳанги воло ва мудирияти истисноӣ нишон доданд.  Сараввал, заминаи бозгашти раҳбари «Паймони ба ном миллӣ»-ро мусоид сохтанд ва ба мухолифон фаҳмонданд, ки дар гӯр ҳам бошанд, дар дастрасии қонун  қарор доранд. Ҳамин тартиб, Қонуни авф нисбат ба Гадоев бо ҳамон дароят ва иқтидори истисноии ниҳодҳои ҳукуматӣ татбиқ шуд.

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Вторая половина февраля для главарей террористическо-экстремистской организации "Партия исламского возрождения" (ТЭО "ПИВ") и курирующих ее зарубежных спецслужб навсегда запомнится эффектом шоково-энергетической встряски, вызванной паническим страхом разоблачения всей преступной схемы деятельности этой структуры. Причина этого кроется в добровольном возвращении на Родину и сдаче властям Шарафа Гадоева, заместителя председателя "Национального альянса Таджикистана" (НАТ).

 
Хабарҳо - Тарбия
There are no translations available.

Наҳзат ва ормони қудрату салтанат

Муҳтавои матолиби матбуотию расонаии наҳзатӣ баёнгари онанд, ки ТТЭ ҲНИ дар масири салтанатхоҳӣ ва қудратталабӣ қадам мебардорад ва то имрўз орзуи барпо намудани давлати исломиро дар минтақа дар дил мепарварад. Ин орзу, чи дар хоб ва чи дар бедорӣ раҳбарияти наҳзатиро ҳамсафарӣ карда меояд ва масъулони  ин созмони худхоҳ ва ифротиро оқибат ба дараҳаи ҳунун  мерасонад.

Маҳз ҳамин ҳазбаи қудрат ва салтанатталабӣ ин ташкилаи сиёсиро дар ибтидои солҳои навадуми садаи бист ба вартаи ҳанги бародаркуш тела дод ва боиси талафоти молию ҳонии гарон дар мамлакат гардид.       Дар моҳароҳои сиёсию низомие, ки бо «ибтикор»-и ТТЭ ҲНИ ибтидои солҳои навадуми асри гузашта ба вуқўъ пайваста, зиёда аз яксаду панҳоҳ ҳазор шаҳрванди Тоҳикистонро  ба коми худ даркашид, ТТЭ ҲНИ бо роҳандозӣ кардани барномаҳои сиёсӣ-низомиаш бевосита иштирок кард. Мусибати ҳанги шаҳрвандиро имрўз ҳам метавон дар чеҳраи насли миёнсол ва солманди Тоҳикистон ба хубӣ мушоҳида кард. Аммо, мутаассифона, ин мусибат наҳзатро ибрат нашуд, ки нашуд. Кор то ба ҳое расидааст, ки ТТЭ ҲНИ ҳеҳ гоҳ аз мақсаду ҳадафи худ, ки султахоҳию қудратталабист, даст накашид.

Дар кул, ҳаракати сиёсии исломӣ дар симои ТТЭ ҲНИ, аслан аз масъулият, ки бар пояи ақлу истидлол қарор дорад, дур будааст. Мусаллам аст, ки парҳез аз ақлу дониши зинда инсонро новобаста аз қобилиятҳои фикрию зеҳнӣ ва иродавӣ ҳоҳил ва хурофотӣ мекунад. Ин аст, ки ҳомеаҳои Шарқи мусулмонӣ  асрҳои аср ҳатто масъулияти зиндагӣ ва умри худро бар уҳдаи гурўҳҳои найрангбоз, муҳофизакор ва фурсатталаб вогузор карда, дар хоби ғафлат ба сар бурда, қурбони дасисаю фитнаҳои рўҳонияти давр мегарданд. Бар илова, созмонҳои динӣ ба хотири комфорти сиёсию иҳтимоӣ халқ ва дини онро ҳамчун дом истифода карда, ба қудрат мерасанд ва ниёзҳои шахсӣ ва гурўҳии худро мебароваранд. Ин ҳақиқатест, ки дар динҳои муташаккил, минҳумла ислом ба мушоҳида мерасад. Аз ин ҳост, ки нозидани наҳзатиҳо аз як чунин созмони динӣ, ки бар мабнои қавонини шахшудаи асримиёнагӣ сохта ва ҳомаи имрўзӣ пўшонида шудааст, кори содалавҳона мебошад. Чи хеле ки пештар таъкид доштем, дар ҳаводиси даҳшатбори ибтидои солҳои навадум нақши ТТЭ ХНИ ва сардамдорони он «калидӣ» аст. Маҳз он гурўҳи ҳаҳолатписанд ҳомеаи тоҳикро ба бозӣ кашид ва бо сўйистифода аз дин ва эҳсосоти мазҳабии мардум балои ҳонгудозеро сари ҳомеа оварданд. Бо мақсади «маорифпарварӣ» ва сўйиистифода аз зеҳниёти содаи ҳомеаи суннатӣ ходимони наҳзатӣ рўйи мардум таъсир гузоштанд.

Нуктаи муҳими дигар дар ормонпарастии наҳзатӣ ин аст, ки давлат ва созмонҳое, ки ТТЭ ҲНИ ва роҳбарии фирории онро ҳонибдорӣ мекунанд, хуб медонанд, ки ТТЭ ҲНИ чӣ ташкилот ҳасту Кабирӣ кӣ ҳаст? Барои онҳо истифодаи абзори наҳзатӣ зарур аст ва ҳиҳати бароварда сохтани ниёзҳои сиёсӣ, геосиёсӣ, молиявӣ ва иқтисодӣ аз ин абзор ва василаи лозима сўйистифода мешавад. Мутаассифона, ин навъи сўйистифодаро роҳбарияти фирорӣ ва расонаҳои наҳзатӣ обрў ва нуфуз меҳисобанд ва меболанд, ки Ғарб ва демокросии ғарбӣ аз онҳо пуштибонӣ мекунанд. Дар асл, Аврупо (манзур элитаи сиёсӣ ва мадании Аврупо аст) музахрафоти ТТЭ ҲНИ-ро, ки аз ғаризаи қудратхоҳии зотиаш маншаъ мегиранд, на танҳо бовар намекунад, балки онро ҳамчун мафкураи пўсидаи асримиёнагӣ қабул надорад. Аз он ки ду-се созмони манфиатхоҳи аврупоӣ аз ТТЭ ҲНИ ва роҳбари фирории он пуштибонӣ карда, барои худнамоиҳои наҳзатӣ минбар омода мекунанд, чӣ фоидае ба ҳомеаи  ҳаҳонӣ мерасад? Бояд дар ёд дошт, ки ТТЭ ҲНИ ва раҳбари фирории он дар Аврупо ҳеҳ гоҳ пазируфта намешаванд, танҳо мавриди истифода ва дақиқтар, сўйистифодаи гурўҳҳои манфиатдор қарор мегиранд ва қарору гуфтаҳои дикташудаи онҳоро дар минбарҳои урупоӣ чун тўтӣ такрор мекунанд.

Ҳамин тариқ, ТТЭ ҲНИ, ки таҳти сарпарастии М. Кабирӣ имрўз дар Аврупо мехоҳад ба номи созмонҳои озодихоҳ ва ислоҳотгарро муттаҳид намуда, ба таври ҳаълӣ ва сунъӣ худро лидери ҳаракати озодихоҳӣ унвон бидиҳад, ноком мешавад, зеро ки халқ ва мардуми тоҳик аз ботин ва сиришти ин созмони султахоҳ ва авомфиреб бархўрдор аст ва намегузорад, ки орзуи ғаразноки наҳзатӣ ҳомаи амал пўшад. Гузашта аз ин, давлат ва ҳукумати кунунӣ ормони ҳазорсолаи миллӣ ва мардумӣ – бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро дар амал татбиқ намуда истодааст ва дар масири шукуфоӣ ва рушду тараққӣ қадамҳои устувор мебардорад.

 

Фаридун Ориёӣ

21 феврали соли 2019

 


Страница 43 из 79
free pokerfree poker

 


 

Полное название: Таджикский государственный педагогический Университет имени  Садриддин Айнӣ

Адрес:, 734003, город Душанбе, проспект Рудаки 121
Телефон: +992(37) 224-13-83

WWW: www.tgpu.tj

E-mail: info@tgpu.tj